Рубрики Хабарҳо

Самандар Муродов ҳам ба UFC роҳ ёфт

Размикори варзидаи Тоҷикистон, Самандар Муродов ба созмони UFC роҳ ёфт. Мусобиқа барои роҳхат ба ин созмон 23-юми октябр дар шаҳри Абу-Дабии АМА сурат гирифт.

Варзишкори тоҷик барои узвият дар ташкилоти бонуфузи UFC бо размикори пуртаҷриба аз Бразилия Ҷиан Сикуэйра вориди майдон шуд.

Муродов дар сонияи охири даври аввал рақибро бо усули буғӣ кардан ба танг оварда, маҷбур сохт, ки таслим шавад.

Самандар Муродови 23-сола зодаи ноҳияи Ванҷи Тоҷикистон мебошад, ки дар Русия тамрину иқомат мекунад. Феълан ин размикори тоҷик дар ҳунарҳои размии омехтаи касбӣ 8 бор сабқат карда, пирӯз шудаст.

Маврид ба зикр аст, ки Муродов баъд аз Нурулло Алиев дувумин размикори тоҷик аст, ки ба ташкилоти бонуфузи UFC роҳ ёфт.

Алиев моҳи сентябри соли равон Ҷош Уики амрикоӣ дар шаҳри Лас-Вегас дар даври аввал шикаст дода, аввалин намояндаи Тоҷикистон дар лигаи UFC шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *