Рубрики Хабарҳо

Сафари пурмасраф аммо бенатиҷаи Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари серӯза 3-5 октябр дар Ҷопон қарор дошт. Ин сафари ӯ дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон пайгирӣ ва таблиғи зиёде дошт. Аммо он чӣ натиҷа дод ва ҳадаф аз ин сафар чӣ буд?

Ҷопон аз кишварҳои кӯмакрасон ба Тоҷикистон мебошад, аммо додугирифти тиҷории ду кишвар бисёр ночиз аст. Аз соли 2010 то 2017 он ҳамагӣ $10 миллионро ташкил медод, ки пурра ба воридот аз Ҷопон бастагӣ дорад. Соли 2017 бинобар зиёд шудани воридоти таҷҳизоти ҷопонӣ, ба $30 млн расид, ки ҳамаи ин маблағ ба бахши хусусӣ таъаллуқ дорад.

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон ҳадди ақал $300 000 масраф дошт, ки аз буҷаи бе ин ҳам касоди давлат пардохт мешавад. Чунин сафарҳои раҳбарони давлат одатан моҳҳо тарҳрезӣ мешавад ва бо имзои созишномаҳои зиёди ҳамкорӣ ба маблағҳои бузург тамом мешавад, ки ҳазинаи сафар дар ҳошияи он бисёр ночиз аст.

Барои мисол зимни сафари Шавкат Мирзиёев ба Кореяи Ҷанубӣ дар ноябри соли гузашта, созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи $ 7,5 миллиард имзо шуда буданд. Яъне ҳатто агар ҳазинаи сафари Мирзиёев ҳам  $300 000-ро ташкил дода буд (ҳарчанд сафарҳои ӯ бо чанд далоил аз сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон арзонтар тамом мешавад), ҳаҷми созишномаҳои имзошуда ин масрафро бисёр ночиз мекунад.   

Аммо зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ЯГОН санади муҳими ҳамкорӣ имзо нашуд. Ҳарчанд ӯро худи император қабул кард ва тибқи иттилои дафтари матбуотиаш сарвазири Ҷопон ҳам барояш меҳмонии бошукӯҳе орост, зоҳиран ин “эҳтиром” ба раисҷумҳури Тоҷикистон бештар дипломатияи ҷопонӣ буд. Вагарна 30 миллион долларе, ки Тоҷикистон аз ин кишвар мол харидааст, ба 0.01 дарсади фурӯши як ширкати ҷопонӣ — Toyota баробар аст. Кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон ба Тоҷикистон ба маротиб бештар тиҷорати байни ду кишвар мебошад.

Инак санадҳое, ки аснои сафари раисҷумҳури Тоҷикистон имзо шуданд:

— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Япония барои солҳои 2019-2021;

— Ёддоштҳои табодулӣ вобаста ба лоиҳаи “Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ” (лоиҳаи JDS);

— Созишномаи грантии лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS)”;

— Ёддошти тафоҳум оид ба давраи машқу тамрини пеш аз Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 миёни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Аомории Япония Созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Япония;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф, фарҳанг ва варзиши Япония;

— Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Япония.

Аммо чаро Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон рафт?

Дар ҳоле, ки бахши иқтисодии ҳукумат ягон созишномаи ҳамкорӣ бо Ҷопонро омода накардааст, ҳадаф аз ин сафар чӣ буд ва чаро Эмомалӣ Раҳмон вазирони молия, нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Палатаи савдо ва саноатро бо худ гирифт? Се вазиру раиси кумитаи сармоягузорӣ кадом як аз ин 7 ҳуҷҷатро имзо карданд, ки бо сарфи ҳазорҳо доллар маблағи буҷа ба Ҷопон сафар карданд? Худи Эмомалӣ Раҳмон зери кадоме аз ин санадҳо имзо гузошт?

Ин ҳафт санад санадҳоеянд, ки ҳатто тавассути почтаи электронӣ мешавад имзо кард.

Аммо дар бораи ҳадафи ин сафари пурхарҷ ва бенатиҷаи раисҷумҳури Тоҷикистон коршиносон ду фарзия пеш меоранд:

1. Раҳмонро кайҳост, ки ҳеҷ кишвари демокративу пешрафта қабул кардан намехоҳад. Барои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамоҳанг кардани сафраи раисҷумҳур ба дилхоҳ кишвари пешрафта мушкили рақами аввал аст. Дархостҳои паёпайи ин вазорат ба кишварҳо барои сафари раисҷумҳур бепосух мемонанд.

Кишварҳои арабии Халиҷи Форс ҳам, ки 2-3 сол пеш Эмомалӣ Раҳмонро ду-се бор дар сол ҳам қабул мекарданд, дигар аз даъвати ӯ ва посух ба дархости сафараш худдорӣ мекунанд. Дархости ҳамешагии кӯмак аз тарафи раисҷумҳури Тоҷикистон онҳоро хаста кардааст.

Аммо Ҷопон дар ин масъала каме нармтар аст ва табиист, ки ҳамоҳанг кардани сафари Раҳмон ҳам ба ин кишвар чандон мушкил набудааст. Агар барои Ҷопон ин сафари раисҷумҳури Тоҷикистон як меҳмондорӣ буд, барои худи Эмомалӣ Раҳмон намоиш буд, то нишон диҳад ҳанӯз метавонад ба кишварҳои мутамаддин сафар кунад. Бо гумони ғолиб сафири Тоҷикистон дар Ҷопон барои ҳамоҳангсозии ин сафар тӯҳфаи хубе хоҳад гирифт. 

2. Бо камтар шудани кӯмакҳои кишварҳои ғарбӣ ва хайрияҳои кишварҳои арабии Халиҷи Форс, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паи ҷустуҷӯи хайрияи нав ба Ҷопон рафтааст. Ҷопон бе ин ҳам то имрӯз ба Тоҷикистон ба маблағи 350 миллион доллар кӯмак кардааст. Чаро аз лутфи императору сарвазир истифода накунанд ва масалан 100 миллиони дигар кӯмак напурсанд?

Ҷопон ба додани кӯмак розӣ шудааст ё на, маълум нест. Ва шояд дар оянда ҳам маълум нагардад. Ин гуна кӯмакҳоро Тоҷикистон бидуни ҳеҷ қайде дар кадом вазоратхонае мегирад ва куҷо масраф мешавад, касе намедонад. Барои мисол Эмомалӣ Раҳмон борҳо аснои сафараш аз ҳокимони араб ба маблағи даҳҳо миллион кӯмак гирифтааст, аммо ин кӯмакҳо дар ҳеҷ ҷои қайд нагардидаанд.

Абдулло ал-Робия, раиси Маркази имдодӣ ва кӯмакҳои башарии малик Салмон гуфтааст, Тоҷикистон дпас аз Яман бештар аз ҳама аз ин марказ кӯмак гирифтааст. Аммо Оҷонсии омори Тоҷикистон ҳеҷ кӯмаке аз Саудиро сабт накардааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон барои як сафари комилан бенатиҷааш дар ҳоле $300 000 пули буҷаро масраф кардааст, ки Кумитаи андози ҷумҳурӣ бинобар камбуди пул дар буҷа ҳанӯз як моҳ қабл аз соҳибкорон талаб мекард андози моҳи январи соли 2019-ро пардохт кунанд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *