Рубрики Хабарҳо

Ҳуқуқи ҳамсояҳои наздик ва дур

 Аллоҳ таъоло мефармояд: «Ва Аллоҳро бипарастед. Ва ҳеҷ чизро ҳамтои Ў қарор надиҳед ва ба падару модар некӣ кунед, ҳамчунин ба хешовандону ятимону мискинон ва ҳамсояи наздику ҳамсояи дур ва дӯсту ҳамнишин ва вомондагони дар сафар ва бардагоне, ки молики он ҳастед, зеро Худованд касеро, ки мутакаббиру фахр фурӯш аст ва аз адои ҳуқуқи дигарон саркашӣ мекунад, дӯст намедорад«. Нисо:36.

Тафсир:«Ва Аллоҳро бипарастед. Ва ҳеҷ чизро ҳамтои Ў қарор надиҳед». Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Маъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу) фармуданд; «Оё медонӣ, ки ҳаққи Худованд бар бандагон чист? Маъоз гуфт: Худо ва Расулаш донотаранд. Фармуданд: Ин ки Ӯро бипарастанд ва чизеро ба Ӯ шарик наоваранд.

Сипас фармуданд: Оё медонӣ, ки агар ин корро карданд, ҳаққи бандагон ба Худои таъоло чист? Ҳаққи онон ин аст, ки эшонро азоб накунад. Пас аввалин амр ва аввалин фариза ҳамон маърифати Худованди мутаъол, хондани вай ба ягонагӣ, тоати вай. Ва ширк наовардан ба вай дар шаъни улуҳият ва рубубияти вай аст.

«ва ба падару модар некӣ кунед«-яъне, дар сухан ва амал ва инфоқ бар онон дар ҳангоми ниёзашон.

«ҳамчунин ба хешовандону ятимону мискинон»— яъне, низ эҳсон кунед.

«ва ҳамсояи наздик»- яъне, ҳамсоя девор ба девор.

«ҳамсояи дур»- яъне, бегона ва аҷнабӣ, ё ба ҳамсояи дур низ эҳсон кунед. Ба қавли дигар: ҳамсояи яҳӯдӣ ё насронӣ аст. Нишон медиҳад, ки ҳаққи ҳамсоя ба ҳасби наздикӣ ва дурӣ тафовут пайдо мекунад, пас ба ҳар андоза, ки манзилаш дуртар бошад, ҳаққи вай ҳам заъифтар мешавад ва ба ҳар андоза, ки манзилаш наздиктар бошад, ҳаққи вай қавитар мешавад.

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Ҷибриил пайваста ба ман дар бораи ҳамсоя супориш мекард, то гумон бурдам, ки ҳамсоя аз ҳамсоя ирс мебурда бошад».

«ва дӯсту ҳамнишин ва вомондагони дар сафар ва бардагоне, ки молики он ҳастед» — яъне эҳсон кунед ба ҳамсар, ба рафиқи сафар ва рафиқи иқомат дар таҳсили илм, ё омӯзиши санъат, ё анҷоми тиҷорат, ва монанди инҳо.

Ва эҳсон кунед ба мусофире, ки ба таври гузаро аз назди шумо мегузарад, пас бар муқим аст, то ба мусофир эҳсон кунад. Ба қавли дигар — мусофири дар роҳмонда аст. Ба қавли дигар он меҳмон аст.

Ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дастур доданд, ки ғуломон ва канизон бояд аз ҳамон ғизое, ки итъом шаванд, ки молики онон мехӯрад ва аз ҳамон либосе пӯшонда шаванд, ки молики онон мепӯшад.

«зеро Худованд касеро, ки мутакаббиру фахр фурӯш аст ва аз адои ҳуқуқи дигарон саркашӣ мекунад, дӯст намедорад».

Фоидаҳои калимаи хуб:
1. Барои гӯяндаи калимаи хуб, он шиор аст.    
2. Калимаи хуб далели хубист.
3. Бо калимаи хуб наҷот аз оташи дӯзах аст.
4. Бо изни Аллоҳ таъоло калимаи хуб душманро дӯст гардонад.
5. Калимаи хуб дар қалбҳо муҳаббат ва меҳрубониро пайдо кунад.
6. Калимаи хуб ҳама вақт меваи амали солеҳ аст.
7. Калимаи хубро ба осмон бардоранд ва дарҳои осмон кушода гардида қабули даргоҳ гардад.
8. Калимаи хуб ин ҳидоят ва фазли Парвардигор ба банда аст.
9. Калимаи хуб савоби садақаро дорад.
10. Калимаи хуб қалби дигаронро хушбӯй гардонад.    
11. Калимаи хуб ашки ғамгинонро пок гардонад.
12. Калимаи хуб шахсони аз ҳам дурро наздик гардонад.

Ҳамсояҳо се намуданд:
1. Ҳамсояи мусалмони хеш, ки он се ҳақ дорад; Ҳаққи ҳамсоягӣ, ҳаққи хешӣ, ҳаққи мусалмонӣ.
2. Ҳамсояи мусалмони дур, ки он ду ҳақ дорад; Ҳаққи ҳамсоягӣ, ҳаққи мусалмонӣ.
3. Ҳамсояи  ғайри мусалмон ва дур, ки он як ҳақ дорад; Ҳаққи ҳамсоягӣ.

 Ҳуқуқи Аллоҳ ва ҳуқуқи мардум 
Ба дигарон гуфтани калимаи хуб, хайр, ва хомӯшӣ аз ҳуқуқи Аллоҳ таъолост.
2.Эҳтироми ҳамсоя ва эҳтироми меҳмон аз ҳуқуқи мардум мебошад.

Навъҳои лутфу караму меҳрубонӣ:
1. Лутфу карам бо Аллоҳ таъоло: яъне бо эҳсону тоату ибодат.   
2. Лутфу карам бо Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам): яъне, иқтидо ба суннатҳояшон.
3.   Лутфу карам бо нафс.
4.   Лутфу карам бо аҳлу хешовандон.
5.   Лутфу карам бо меҳмон.

Самароти лутфу караму меҳрубонӣ:
1. Лутфу карам наздик шудан ба ҷаннат аст.
2. Лутфу карам дур шудан аз оташи дӯзах аст.  
3. Лутфу карам сабаби баракати мол аст.
4. Лутфу карам иззати дунёст.
5. Лутфу карам шарафи охират аст.
6. Лутфу карам инсонро маҳбуби дигарон гардонад.

Ҳудуди ҳамсояҳо:

Дар масъалаи ҳудуди ҳамсоягӣ уламо ихтилоф карданд. Ва саҳеҳ он аст, ки одати мардум чӣ қадар бошад, ҳудуди ҳамсоя ҳамон аст.  Ва аҳодисе, ки дар ин мавзӯъи ҳудуди ҳамсоягӣ омадааст, он ҳама ҳадисҳои заъифанд.

Навъҳои ҳамсоя:
1. Ҳамсоя дар манзил.
2. Ҳамсоя дар кор.
3. Ҳамсоя дар таълим.
4. Ҳамсоя дар деҳа ё шаҳр, ва ё давлат.

Фазли эҳсон ба ҳамсоя:
1. «Ҳар кас ба Худо ва ба рӯзи қиёмат имон дорад, пас меҳмон ва ҳамсояашро гиромӣ бидорад». Бухорӣ.
2. «Ҳар кас ба Худо ва ба рӯзи қиёмат имон дорад, пас ба ҳамсояи худ эҳсон бикунад». Муслим.
3. «Дар назди Худованд беҳтарин асҳоб ононе ҳастанд, ки ба аҳсоби худ беҳтар бошанд». Ҳадиси Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳу).
4. «Хушбахтии инсон дар ҳамсояи солеҳ, маркаби хуб, ва маскани васеъ аст». Ҳадиси Нофеъ ибни Абдулҳорис (разияллоҳу анҳу) дар саҳеҳ Бухорӣ.
5. «Хоҳи, ки муъмин гардӣ ба ҳамсояи худ эҳсон бикун». Ҳадиси саҳеҳ бо ривояти Абиҳурайра (разияллоҳу анҳу).

Ҳаром будани озори ҳамсоягон:
1. «Ва онон, ки мардон ва занони боимонро ба хотири коре, ки анҷом надодаанд, озор медиҳанд, бори бӯҳтон ва гуноҳи ошкореро ба дӯш кашидаанд». Аҳзоб-58.
2. «Ҳар кас ба Худо ва ба рӯзи қиёмат имон дорад, пас ба ҳамсояи худ озор нарасонад». Ҳадиси Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) бо ривояти имом Муслим.

Навъҳои озори ҳамсоя:

1. Озор бо забон:
Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:» Таънакунанда, лаънаткунанда, ҳақорату дашномдиҳанда, ва шахсони зиштзабон,  муъмин нестанд». Бо ривояти имом Аҳмад ва Ҳокам.

2. Озор бо чашм:
Озори чашм ин нигоҳ кардани  ҳамсоя аз девор ё аз болои хона, ё сурат гирифтани онҳо, ё ҷустани сирри онҳо, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Зинои ду чашм назар аст».

Ва дар як ривоят омадааст: «Ба мусалмон ҳалол нест, ки ба сӯйи бародари худ бо назари бад назар бикунад».  

3. Озор бо гӯш:
Гӯш кардани суханони мардум озор бо гӯш аст. Ва ё беиҷозат сабти овози онҳо озор аст. Ва дар ҳаққи онҳое, ки асрори мардумро гӯш мекунанд, ваъиди шадиде омадааст. Аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) омадааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Шахсе, ки сухани мардумро гӯш мекунад, ки онҳо ӯро бад мебинанд ё аз ӯ мегӯрезанд, дар рӯзи қиёмат ба гӯши ӯ оби ҷӯшон рехта шавад». Бухорӣ.  

4. Озор бо фарҷ:
Бо ҳамсоя ё хоҳар ё аммаи он зино кардан, озор бо фарҷ аст. Ва инчунин хиёнат аз сахтарин озори ҳамсоя аст. Ҳадиси Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) аст, ки аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро пурсиданд, ки бузургтарин гуноҳ кадом аст? Фармуданд:  «Ба Худое, ки туро халқ кардааст, шарике қарор бидиҳӣ. Пас гуфтам; Пас кадом гуноҳ: Фармуданд: «Ин, ки ба зани ҳамсоя зино бикунӣ».
Ҳадиси саҳеҳ бо ривояти Абудовуд.

5. Озор бо даст:
 Партофтани авроқу шикастаҳо, ва ифлосиҳову чизҳои камарзиш ба зери дари ҳамсоя, ё задани фарзандони ҳамсоя, ё дуздидани молу чорвои онҳо, озор бо даст аст.
Аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Мусалмон шахсе аст, ки дигар мусалмонон аз забон ва дасти ӯ солим бимонанд».
Бухорӣ ва Муслим.

6. Озор бо пой:
Беиҷозат ба хонаи ҳамсоя даромадан, ё дар вақти ғайри муносиб дари онҳоро кӯфтан, озор бо пой аст.

7. Озор бо мол:
Фасод кардани моли ҳамсоя, ё хурдани моли онҳо бо роҳи ботил, озор бо мол аст.
  Аллоҳ таъоло мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед! Амволи якдигарро ба ботил ва аз роҳҳои номашрӯъ, нахӯред, магар ин ки тиҷорате бо ризояти шумо анҷом гирад. Ва худкушӣ накунед. Худованд нисбат ба шумо Меҳрубон аст.  Ва ҳар кас ин амалро аз рӯи зулму ситам анҷом диҳад, ба зудӣ ӯро дар оташ дохил хоҳем сохт ва ин кор барои Худо осон аст».
Нисо-29.30.

8. Озор бо овоз:
Бо баланд кардани овози мусиқӣ, ё телевизор, ё муносибатҳои хос, ки ҳамсоя то дери шаб аз овози баланди он истироҳат карда натавонад,  ин озор бо овоз аст.

Роҳҳои эҳсон ба ҳамсоя:
1. Агар ҳамсоя кофир ё гунаҳкор бошад, дуо бо ҳидояти он ва таманнои амали хайр ба ӯ.
2. Ҷавоби салом.
3. Иҷобати даъват.
4. Сатри аврат.
5. Эҳтироми шаъну шараф.
6. Даст кашидан аз озорҳо.
7. Баровардани ҳоҷатҳои онон.
8. Сабр ба озорҳо.

Фоидаҳо:
1. Тағиби мардум ба сухани нек гуфтан.
2. Тарғиби мардум ба хомӯшӣ ё сухани нек.
3. Ёдоварӣ аз рӯзи қиёмат, ки ҳисобу китоб дорад.
4. Тарғиб ба икроми ҳамсоя.
5. Тарки озори ҳамсоя.
6. Икроми меҳмон ва эҳсон ба ӯ.
7. Аломати комилии имон дар меҳмондорӣ аст.
8. Мусофир ҳаққи меҳмонӣ дорад.
9. Имон ба Худо ва имон ба рӯзи қиймат асли ҳама хайрҳост.
10. Каломи хуб беҳтар аз  хомӯшист.
11. Ҳамсоя ҳаққи бузург дорад.

Аллоҳ таъоло доност, дуруду саломи Худованд ба Паёмбарамон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва олу асҳобашон.

Аз дуои неки худ моро фаромӯш накунед.
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
Мухтори Закариё.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *