Рубрики Хабарҳо

Ғарб иддаои Русия дар бораи “бомби касиф”-и Укроинро рад кард

Вазирони дифоъи кишварҳои узви паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) ба Русия нисбат ба истифода аз “бомби касиф” ҳушдор доданд. Русия муддаӣ шудааст, ки Укроин чунин қасде дорад. 

Иёлоти муттаҳида, Фаронса ва Бритониё бо судури баёнияи муштарак иттиҳомоти Русия мабнӣ бар барномарезии Укроин барои истифода аз бомби касиф ҳовии маводи радиоактивро рад карданд.

Дар ин баёния, ки рӯзи якшанбе 23 октябр тавассути вазорати умури хориҷаи Иёлоти муттаҳида ба намояндагӣ аз ҷониби се кишвар мунташир шуд омадааст, ки онҳо ба таври ҷиддӣ бо “идаъоҳои нодурусти ошкор” дар заминаи истифода аз чунин бомбае тавассути Укроин, он ҳам дар хоки худ, муқобила мекунанд. 

Се кишвари муқтадири ғарбӣ ба Русия ҳушдор додаанд, аз чунин иттиҳомоте ба унвони “баҳонае барои ташдид”-и ҷанги худ алайҳи Укроин истифода накунад. 

Ба гуфтаи вазорати дифоъи Русия, Сергий Шогу, вазири дифоъи Русия рӯзи якшанбе дар тамоси телефонӣ бо чанд тан аз ҳамкоронаш аз кишварҳои узви НАТО ибрози нигаронӣ карда, ки Укроин мумкин аст аз “бомби касиф” истифода кунад. 

Ин бомб як василаи инфиҷории маъмулӣ аст, ки ҳангоми инфиҷор маводи радиоактивро дар муҳит пахш мекунад. Бархилофи бомбаҳои атомӣ, бисёр содатар ва арзонтар аст вале қудрати тахриби ночизе дорад. 

“Пуч вале хатарнок” 

Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷаи Укроин дар паёми твиттерӣ ба иттиҳоми Русия мабнӣ бар истифодаи эҳтимолии Укроин аз “бомби касиф” вокуниш нишон кард. 

Ӯ навишт, ин иттиҳоми пуч вале хатарнок аст. Ба гуфтаи Кулеба, кишвараш на бомби касиф дорад ва на барномае барои дастёбӣ ба он дорад аммо русҳо “он чиро, ки худашон барномарезӣ мекунанд ба дигарон нисбат медиҳанд”. 

Рӯзи душанбе 24 октябр Кристина Ламбрешт, вазири дифоъи Олмон ҳам ба Русия ҳушдор дод. Ў гуфт, истифода аз ин гуна ҷангафрӯз хатти қирмизи Ғарб аст ва бо вокуниши шадиди кишварҳои ғарбӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. 

Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки чунин иттиҳомоте боис нахоҳанд шуд, ки Олмон аз кумак ба Укроин даст бикашад. Ламбрешт таъкид кард, кишвараш дар канори Укроин хоҳад монд. 

Муовини аввали намояндаи доими Русия дар Созмони милал рӯзи душанбе эълом кард, ки кишвараш қасд дорад “дар робита бо таҳрики барномарезӣ шуда аз сӯи режими Киев дар хусуси ба коргирии бомби касиф”, номае ба дабири кулли Созмони милал ирсол кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *