Рубрики Хабарҳо

Шӯрои амният дар мавриди мамнуъияти кори занон дар Афғонистон ҷаласа мекунад

Расонаҳо бо истинода ба манобеъи дипломатик менависанд, ки Шӯрои амнияти Созмони милал ҳафтаи оянда дар мавриди мамнуъияти кори занон дар муассисаҳои кумакрасонӣ тавассути Толибон ташкили ҷаласа хоҳад дод. 

Ин ҷаласа ба дархости Амороти муттаҳидаи арабӣ ва Ҷопон ва дар пушти дарҳои баста баргузор мешавад. 

Амороти муттаҳида мамнуъияти кори занон дар Афғонистонро интиқод карда ва аз Шӯрои амният хостааст, ки ин ҷаласаро ба таърихи 13 ҷинури баргузор кунад. 

Созмони милал низ эълом кард, ки Мартин Гриффитс, муовини сармуншии Созмони милал дар умури кумакҳои башарӣ дар ҳафтаҳои оянда аз Афғонистон дидор ва дар мавриди мамнуъияти кори занон дар муассисоти хориҷӣ бо мақомоти Толибон гуфтугӯ хоҳад кард. 

Намояндаи Амороти муттаҳидаи арабӣ дар Созмони милал мамнуъияти кори занонро хилофи аҳкоми ислом донист ва онро монеъ дар баробари ироаи кумакҳои башарӣ ба мардуми ниёзманд дар Афғонистон тавсиф намуд. 

Новобаста аз маҳкумияти мамнуъияти кори занон тавассути кишварҳои исломӣ ва ниҳодҳои мӯътабари мазҳабӣ монанди Ал-Азҳар, Толибон пофишорӣ доранд, ки ин иқдомашон мутобиқ бо аҳкоми ислом ва барои “ҳифзи каромат”-и занони Афғонистон аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *