Рубрики Хабарҳо

Остона тоҷиконро ба иштирок дар тазоҳуротҳои Қазоқистон муттаҳам кард. Душанбе рад кард

Шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия ва Узбакистон дар рӯйдодҳои моҳи январи соли гузашта дар Қазоқистон ҳузур доштаанд. Дар ин бора додситони кулли Қазоқистон Берик Асилов ба расонаҳо хабар додааст.

Ба гузориши КазТАГ, Асилов рӯзи панҷшанбе зимни як ҷаласа гуфтааст, «хориҷиён низ дар ошӯбҳои оммавӣ ва ҷиноятҳои дигар ширкат доштанд ва алайҳи онҳо парванда боз шудааст. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Узбакистон, Русия, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ ҳастанд.»

29 корманди амниятии Қазоқистон гумонбар дар шиканҷаи эътирозгарони моҳи январ эътироф шудаанд

Аслиов дар бораи ҷузъиёти дигари ширкати хориҷиҳо дар ҳаводиси январи соли 2022 дар Қазоқистон чизе нагуфт. Аммо таъкид кард, ки дар миёни боздоштшудаҳо ҳашт нафар аз пайравони ҷараёнҳои мазҳабӣ низ ҳастанд.

Асилов зикр кард, ки дар парвандаҳои марбут ба ҳодисаҳои январ 573 нафар, аз ҷумла ду парвандаи марбут ба амалҳои террористӣ низ мавҷуданд.

Ба гуфтаи додситони кули Қазоқистон, то кунун 18 созмондиҳандаи ошӯб ошкор шудааст. Парвандаи 13 нафари онҳо аллакай дар додгоҳ идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, АкиПресс хабар дод, ки Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аллакай ба ин паём вокуниш нишон дода, «ҳар гуна даст доштани шаҳрвандони Қирғизистон дар ҳаводиси фоҷиабори соли гузашта дар Қазоқистонро қотеъона рад кард».

Ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даст доштани шаҳрвандони кишварро дар эътирозҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон рад кард.

Намояндаи дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 6-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар ошӯбҳои оммавии моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон, шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат надоштанд.

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳамчунин, гуфтаанд, ки баъд аз нашри хабарҳо дар ин бора сафорати Тоҷикистон ба ниҳодҳои дахлдори Қазоқистон муроҷиат кард «ва ин далелҳо тасдиқи худро наёфт».

Гуфтанист, эътирозҳо дар Қазоқистон, ки бо номи «Ҳодисаҳои январ ё январи хунин» маъруфанд, 2 январи соли 2022 пас аз болоравии якбораи нархи гази моеъ, ки дар робита ба гузариш ба механизми нархгузории бозор аз 1 январи соли 2022 рух дод, оғоз ёфт. Эътироз дар шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон доман паҳн карда, муътаризон аз талабҳои иқтисодӣ ба талабҳои сиёсӣ, гузашта истеъфои ҳукумат ва ба тамом аз сиёсат рафтани раисиҷумҳури нахустини ин кишвар Нурсултон Назарбоевро талаб карданд.

То 15 январи соли 2022 дар тазоҳуроти шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон 4353 нафар, аз ҷумла 3393 нафар кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷароҳат бардоштаанд. 238 нафар, аз ҷумла 19 полис ва низомиён кушта шуданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *