Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон 15.10 ба масофи Ҷопон меравад

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, ки 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили мунтахаби Ҷопон бозӣ хоҳад кард, омодагиро шурӯъ намуд.

Бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Ҷопон рӯзи сешанбеи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:15 шуруъ мешавад. Нархи билет барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Мунтахаби Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “F” дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Муғулистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳи F

Ҷ Дастаҳои мунтахаб Б Ғ М Б Т И
1 Тоҷикистон 2 2 0 0 2-0 6
2 Ҷопон 1 1 0 0 2-0 3
3 Муғулистон 2 1 0 1 1-1 3
4 Қирғизистон 1 0 0 1 0-1 0
5 Мянмар 2 0 0 2 0-3 0

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *