Рубрики Хабарҳо

Раҳимзода бо ҳамтои русаш “мавзӯъи ҳамешагӣ”-ро баррасӣ кард

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, бо ҳамтои русиягияш мусоидат ба афви тоҷикистониёни мамнуъ-ул-вуруд ва хуб намудани муносиботи пулисҳои Русия бо муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ кардааст.

Бинобар ҳамеша дар барномаи гуфтугӯҳои дутарафаи мақомоти Тоҷикистону Русия, сар аз раисҷумҳурҳо то вазирону сафир қарор доштани мавзӯъи авф, бархе коршиносон онро “мавзӯъи ҳамешагӣ” (вечная тема) номгузорӣ кардаанд. Он ҳамеша бидуни натиҷа тамом мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мулоқоти Раҳимзода бо генерал Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия имрӯз дар ҳошияи Мушовараи муштарак баргузор шуд.

Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навиштааст, афви муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки дар рӯйхати афроди мамнуъ-ул-вуруд дар Русия шомил шудаанд, аз масъалаҳои меҳварии мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои русаш будааст.

Раҳимзода инчунин бархӯрди кормандони пулис бо муҳоҷиронро дар Русия ба миён гузошта, аз Колоколтсев хостааст, то кормандони пулиси рус муносибати худро бо муҳоҷирон хуб намоянд.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон  ҳамчунин тибқи қонун дастгир намудани муҳоҷирон аз тарафи кормандони пулиси Русияро баррасӣ кардааст.

Ба миён гузоштани афви муҳоҷирон дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тоҷик изҳори умед карданд, ки то охири соли ҷорӣ ин масъала ҳалли худро меёбад.

Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфта, ки  мақомоти кишвар ҳамроҳ бо мақомоти Русия масъалаи афви муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ дорад ва имкон дорад то охири сол ин масъала ҳалли худро пайдо намояд. Ин уммедвории мақомдорони тоҷик дар ҳолест, ки вазъияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия рӯз ба рӯз торафт дорад бад мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *