Рубрики Хабарҳо

Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ таҳқиқоти ҷиноятҳои ҷангӣ дар Афғонистонро аз сар мегирад

Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ эълом кардааст, ки таҳқиқот дар бораи ҷароими ҷангӣ дар Афғонистонро аз сар мегирад. 

Бар асоси эъломи ин додгоҳ, амалкарди низомиёни амрикоӣ, Толибон ва ҳукумати пешини Афғонистон мавриди баррасӣ қарор мегирад. 

Расидагӣ ба парвандаи “ҷиноёти ҷангӣ” дар Афғонистон ба муддати ду сол мутаваққиф буд. 

Додситонҳои ин додгоҳ ба Каримхон, масъули парвандаи Афғонистон иҷоза додааст таҳқиқ дар бораи “ҷиноёти ҷангӣ” ва “ҷиноят алайҳи башарият”-ро оғоз кунад.

Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ дар соли 2019 дархости таҳқиқ дар бораи ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият дар Афғонистонро рад карда буд. 

Ин додгоҳ он замон дар эъломияе гуфт, ки агарчи шароити лозими қазоӣ ва далоили кофӣ барои оғози таҳқиқот дар мавриди ҷиноёти ҷангӣ ва ҷароим алайҳи башарият дар Афғонистон фароҳам аст, аммо анҷоми таҳқиқот дар ҳоли ҳозир наметавонад ба нафъи таъмини адолат бошад. 

Дар моҳи марти соли 2020 ин додгоҳ тасмим гирифт, ки парвандаи Афғонистонро баррасӣ кунад аммо ба дархости ҳукумати Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешин таҳқиқот мутаваққиф шуд. 

Давлати қаблии Афғонистон гуфта буд, ки баррасии парвандаҳо ба додгоҳҳои дохилии Афғонистон вогузор шавад. 

Ин мавзӯъ сабаби нигаронии ниҳодҳои ҳуқуқбашарӣ ва қурбониёни ҷанг дар Афғонистон шуд. 

Аммо соли гузашта бо ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон, додгоҳи кайфарии байналмилалӣ эълом кард, ки иттиҳомҳои ҷангӣ алайҳи Толибон дар Афғонистонро баррасӣ мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *