Владимир Путин мизбони нишасте бо ҳузури раҳбарони Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон шуд то барои поён додан ба даргириҳои хушунатомез миёни ду тараф миёнҷигарӣ кунад.
Гуфтугӯҳои Путин бо Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон ва Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон рӯзи душанбе дар иқоматгоҳи раҳбари Русия дар Баҳри Сиёҳ дар Сочи баргузор гашт.
Путин, Алиев ва Пашинён пас аз нишаст се ҷониба дар Сочи баёния муштаракеро пазируфтанд.
Бар асоси ин баёния, ки дар веб-сайти Кремл мунташир шудааст, Озарбойҷон ва Арманистон тавофуқ карданд, ки аз истифодаи зӯр худдорӣ карда ва масоилро бар асоси ба расмият шинохтани ҳокимият, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии марзҳо ҳал кунанд.
Дар ин баёния омадааст, ки се раҳбар дар мавриди раванди иҷрои баёнияҳои тасвибшуда дар солҳои 2020 ва 2021 гуфтугӯ карданд.
Тарафайн бар тааҳҳуди худ барои пойбандии дақиқ ба тамоми ин тавофуқот бо ҳадафи оддисозии ҳамаҷонибаи равобити Озарбойҷону Арманистон, тазмини сулҳ, субот, амният ва рушди иқтисоди пойдори Қафқози ҷанубӣ таъкид карданд.
Ин музокирот нишондиҳандаи талоши Кремл барои тақвияти нуфузи худ дар минтақа аст. Арманистон ва Озарбойҷон чандин даҳа аст, ки бо якдигар бар сари минтақаи Қарабоғи кӯҳистонӣ даргир ҳастанд. Ин минтақа, ки бахше аз ҷумҳурии Озарбойҷон аст дар поёни ҷанги ҷудоиталбон дар соли 1994 таҳти контроли нерӯҳои арманӣ қарор гирифт, аммо Боку тайи ҷанги шаш ҳафтаӣ дар соли 2020 тавонист бахшҳое аз Қарабоғ ва манотиқи муҷовири онро ба ишғоли худ даровард.
Дар ин даргириҳо беш аз 6 ҳазору 500 нафар кушта шуданд аммо дар ниҳоят бо миёнҷигарии Русия тарафайн ба тавофуқномаи оташбас даст ёфтанд ва Маскав ҳам ҳудуди 2 ҳазор сарбозро ба минтақа эъзом кард то ба унвони ҳофизи сулҳ фаъолият дошта бошанд.
Бо ин ҳол дар моҳи сентябр бори дигар оғоз шуд.
Кремл мегӯяд раҳбарон дар бораи иҷрои тавофуқи сулҳи 2020 ва бардоштани гомҳои бештар барои тақвияти субот ва амният дар Кафқоз бо якдигар гуфтугӯ хоҳанд кард. Маскав ҳамчунин изофа кард мавзӯъоти марбут ба бозсозӣ ва тавсиъаи иртибототи тиҷорӣ, иқтисодӣ ва ҳамлу нақл низ мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт.
Музокирот бо миёнҷигарии Русия дар ҳоле анҷом мешавад, ки раҳбарони ғарбӣ ин бор бар хилофи ҷанги 2 сол қабл мавзеъи фаъолтаре барои миёнҷигарӣ миёни Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон иттихоз кардаанд. Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо ва Эммануел Макрун, раисҷумҳури Фаронса, музокиротеро байни Пашинян ва Алиев дар моҳи август дар Брюссел тартиб доданд аммо тамоми ин талошҳо то кунун бенатиҷа будааст.