Шабакаи “Алҷазира” гузориш дод, ки дар Шри-Ланка бо таври иҷборӣ нафароне, ки аз коронавирус фавтидаанд,месузонанд ва ин норизоияти мусалмонони ин кишварро ба бор овардааст..
Бемории коронавирус дар ин кишвар аз моҳи октябр дар ҳоли афзоиш аст, ки тақрибан 30,000 нафарро фарогир шудааст. Ҷасади онҳоеро, ки дар натиҷаи ин сироят фавтидаанд, месӯзонанд. Ҳарчанд мусулмонон ба ин амал мухолифанд, аммо то ҳол норизоияти онщоро мацомот ба назар нагирифтааст. Шикояти онҳо ба додгоҳ низ бенатиҷа буд.
Реҳаб Махамур, сухангӯи Афви Байналмилалӣ (Amnesty International) ба манбаъи хабар гуфтааст, ки «Тибқи қоидаҳои байналмилалӣ, ҷасади онҳое, ки аз коронавирус фавтидаанд, дафн карда ё сӯзонда мешаванд. Ҳукумати Шри-Ланка ин пандемияро барои ба ҳошия рондани ҷомеаи мусулмонон истифода мебарад ”.
Тибқи иттилои Шӯрои мусулмонони Шри-Ланка, аксари онҳое, ки аз коронавирус фавтидаанд, мусулмон буданд. То ин замон мусалмонон аз рафтан ба беморхонаҳо худдорӣ мекарданд, зеро намехоҳанд, ки дар сурати ошкор шудани коронавирус ва фавтидан аз ин вирус, ҷасади онҳо сӯхта шавад.