Узри бадтар аз гуноҳ. Ё шарҳи расмии мақомот аз акси “се коргару 50 раис”
Мақомоти расмии шаҳри Конибодом аксеро, ки дар он се зан дар замин кор мекарданду мардҳои либоси расмипӯши зиёде дар болои сари онҳо қарор доштанд, шарҳ доданд. Ба гуфтаи онҳо ин акс аз як семинари омӯзишӣ буда, ки занҳои кишоварз ба ширкаткунандагони он тарзи киштро нишон медиҳанд.
Ду рӯзи охир акс дар шабакаҳои иҷтимоӣ шӯреро барангехт ва ба интиқоди шадиди корбарон мувоҷеҳ шуд. Қисме ба он номгузорӣ карданд, мисли “3 коргару 50 раис”, “Ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон”, “Се марду 50 номард” ва ғайра. Қисми дигар онро воқеъияти имрӯзи Тоҷикистон номиданд. Акс бештарин шарҳҳо дар ду рӯзи охирро гирифт, ки бештарашон манфӣ ва интиқодиву тамсхурӣ буданд.
Баҳодур Маҳмудов, мутахассиси пешбари шуъбаи идеологии ҳукумати Конибодом ба хабаргузории “Азия-Плюс” аксро шарҳ додааст.
Ин масъули ҳукумати Конибодом гуфта, ки ин акс аз як семинари омӯзишӣ аст, ки занҳои кишоварз ба ширкаткунандагони он тарзи киштро нишон медиҳанд.
“Дар фейсбук нафаре тасодуфӣ ё барқасдона аксро гузошта гуфтааст, ки “3 коргару якчанд корфармо”, ки бо ин кор воҳима барангехтааст. Аммо дар асл ин хел нест. Фақат ҳамон се нафар зан барои иштирокчиёни семинари таҷрибавии кишоварзони вилоят шинонидани картошкаро нишон доданд. Ин занҳо нишон доданд, ки ҳамчун таҷриба бояд ҳангоми кишти картошка ин хел кор бояд кард. Аммо дар шарҳ ба ҳамин акс нодуруст фикрронӣ карда истодаанд. Мо бо масъулини худомон суҳбат карда гуфтем, ки ба мардум шарҳ диҳед, ин сурат нодуруст баҳс мешавад” — гуфтааст ӯ.
Маҳмудов мегӯяд, ки мо акнун ба мардум тариқи шабакаи фейсбук фаҳмонида истодаем, ки мабодо раҳгум назанеду инҷо бародаро як семинари омӯзишӣ буд, ин занҳо танҳо тарзи шинонидани картошкаро нишон доданд.
Ба гуфтаи ҳукумати Конибодом семинари вилоятии кишоварзӣ дар ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом баргузор шудааст, ки дар он натанҳо кишти картошка, балки техникаҳои кишоварзӣ, тухмиҳоро ҳам ба намоиш гузоштаанд.
Дар ин семинар муовини раиси вилояти Суғд Зариф Назирӣ ва муовини аввали вазири кишоварзӣ Саъдӣ Каримзода низ ширкат кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, ин шарҳи мақомоти шаҳри Конибодом шӯри бештаре аз худи акс андохтааст. Дар зери хабар, ки дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” нашр шудааст, дар як соат даҳҳо нафар шарҳ навиштаанд, ки бештарошон посухи мақомотро ба истеҳзо гирифтаанд.