Дар Конибодому хангоми тахриби бино ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зери девори он монда, ыон бохтаанд. Садама дирӯз, 31 октябр ба вуқӯъ пайвастааст.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ, ин ду нафар, ки яке 43 ва дуюмӣ 35 сол доштанд, сокинони ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар шаҳри Конибодом ба ҳайси коргари кироя фаъолият доштанд.
Биное, ки ин ду нафар зери девори он мондаанд ба ҶДММ “Асрор” тааллуқ дошта, он қаблан корхонаи тавлиди равған будааст.
Ҳоло мақомот сабаби ин ҳодиса дақиқ карда мешавад. Бино ба фарзияи пешакӣ, яке аз сабабҳои асоси метавонад “риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои кор” бошад.