Categories Хабарҳо

Навори ғарқшавии ду духтар дар Сурхоб

Дар шабакаҳои иҷтимои наворе пайдо шудааст, ки ду духтари ҷавон ба дарё меғалтанд ва об онҳоро мебарад. Корбарон тахмин мезананд ин навори ҳамон ҳодисаи ғарқшавии ду нафар дар Сурхоб аст, ки қаблан расонаӣ шуда буд.

Гуфта мешуд ин ду духтари ҷавон пас аз он ба дарё афтиданд, ки яке аз онҳо мехостааст дар пасманзари дарёи Сурхоб “селфи” гирад. Вале дар навор, ки лаҳзаи ба об рафтани яке аз онҳо сабт шудааст, дида мешавад, ки ҳеҷ “селфи”-е вуҷуд надошт.

Чӣ гуна ба об афтодани духтари дуввум маълум нест, аммо қабл аз дар об рафтани ӯ дида мешавад, ки баъди ба об афтидани аввалӣ духтари дигаре аз ҷояш баланд шуда сӯи ӯ мешитобад.

Қаблан дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфта буд, ҳодисаи ба дарё афтидани ду ҷавондухтари 19 ва 15 сола шоми 28 апрел рух додааст. Ба қавли манбаъ, ҷавондухтари 19-сола сокини шаҳри Душанбе буда, барои дидорбинӣ ба назди пайвандонаш ба ноҳияи Рашт рафтааст.

Ин ҷавондухтар, ки мақомот номашро ошкор накарданд, мехостааст ҳангоми бозгашт “дар мавзеъи шӯхоб, дар манзараи туғёни мавҷи хурӯшони рӯди Сурхоб расм гирад ва пояш лағжидаву мувозинаташро гум кардааст. Духтари 15-сола аз ҷумлаи хешовандони вай, ки мехост кӯмакаш кунад, низ ҳамроҳ бо вай ба дарё рафт.”

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯянд, баъд аз як рӯзи ба дарё афтидани ин ду ҷавондухтар ҷасади онҳо рӯзи 29 апрел пайдо шуда, ба мақомоти милитсияи ноҳия супурда шуданд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *