Рубрики Хабарҳо

Пирӯзии чаҳор варзишгари суғдӣ дар АМА

Дар сабқати мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Абу Дабии Аморати муттаҳидаи Араб чаҳор варзишгари тоҷик ғалаба ба даст оварданд

Дар ин бора дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Бино ба манбаъ дар умум аз вилояти Суғд дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиуҷитсу 13 нафар ширкат кардаанд.

Ин мусобиқа аз 14 то 28 апрели соли равон дар шаҳри Абу Дабии Аморати муттаҳидаи Араб бо ширкати беш аз 7000 намояндаи 106 давлати дунё баргузор шудааст.

Ҳамин тавр 4 нафар хонандагони макотиби шаҳри Хуҷанд дар мусобиқа ғолибият ба даст оварданд.

Бино бманбаъ Муҳаммадалии Сафиоллоҳӣ мақоми аввал, Эраҷ Эминзода, Абдусалом Салимов ва Амриддин Абдукабирзода ҷойҳои дуюмро ба даст оварданд. Ғолибонро дар фазои тантанавӣ намояндагони Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳру вилоят, ҳамсинфон, мураббиён, волидайн дар назди муҷассамаи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд истиқбол намуданд.

Дар ин мусобиқа аз шаҳри Хуҷанд 8 нафар иштирок намуда, ғайр аз 4 нафари ғолибон, ҳамзамон Шероз Ахмедов ва Абдуғафур Абдуллоев роҳхати иштирок дар Қаҳрамонии Осиё, ки моҳи июн дар давлати Қазоқистон баргузор мегардад, ба даст оварданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *