Бино ба иттилоъи вазорати рушди иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон, аз январ то моҳи августи соли ҷорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 654ҳазору 500 тонна ғалла ва 28 ҳазору 600 тонна орд ба нархи миёнаи ҳар тонна 240 доллар ворид кард.
Дар муқойиса бо ҳамин даври соли гузашта воридоти ғалла 7,1 дарсад ва орд 50,5 дарсад афзойиш ёфт.
Бар асоси гузориши вазорати кишоварзии Тоҷикистон имсол дар 291 ҳазору 510 ҳектор ғалла кишт шуд. Дар ин муддат 916 ҳазор тонна ғалла, аз ҷумла, беш аз 744ҳазору 400 тонна гандум бардошта шуд.
Тавре хабаргузории настояшее время иттилоъ додааст, дар тули ду ҳафтаи охир нархи орд ду маротиба, ҳар боре 15 дар садӣ қимат шуд. Тибқи гузориши барномаи умумиҷаҳонии озуқавории Созмони милали мутаҳид 17 дар сади сокинони Тоҷикистон ҳамагӣ барои хуроки якрӯза қудрати 85 сент ё худ 8 сомонӣ сарф карданро доранд.