Мақомоти Эрон ва Амрико тайи рӯзҳои ахир таъкид кардаанд қасди оғози ҷанг дар минтақаро надоранд, аммо ҳарчанд кам, вале эҳтимоли вуқӯъи даргирӣ миёни ду кишвар вуҷуд дорад.
Агарчи эъзоми 120 ҳазор низомӣ ба Ховари Миёна тавассути Амрико такзиб шудааст, аммо изҳороти Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар мабнӣ бар ин ки дар сурати лузум нерӯи бисёр бештаре ба минтақа эъзом хоҳанд кард, боис шуда эҳтимоли даргирӣ миёни Теҳрон ва Вашингтон ҳамчунон вуҷуд дошта бошад.
Давлати Амрико дуввуми майи ҷорӣ озодӣ аз таҳримҳои нафти Эрон барои ҳашт кишвар аз ҷумла Туркияро лағв кард. Дигар Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон низ ҳафтаи гузашта дар солгарди хурӯҷи Амрико аз Барҷом эълом кард, ки Теҳрон тааҳҳудоти худ дар чорчӯби Барҷомро коҳиш хоҳад дод.
Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳамчунин эълом карда, ки дар сурати адами таҳаққуқи хостаҳои иқтисодии Эрон тавассути дигар аъзои Барҷом тай 60 рӯз оянда, Теҳрон бархе дигар аз иқдомоти мутаваққифшуда дар чорчӯби Барҷомро аз сар хоҳад гирифт.
Тасмими давлати Эрон барои боздоштани бархе фаъолиятҳои вобаста бо барномаи ҳастаии худ ва изҳороти мутақобили тарафҳои америкоӣ ва эронӣ боиси афзоиши таниш дар минтақаи Халиҷ шудааст. Дар давраи ҷадид низ масъулони эронӣ монанди бисёре аз масоили дигар дорои ду назари мутафовит ҳастанд.
Гурӯҳи аввал, яъне ҷиноҳи мавсум ба муҳофизакорон ба раҳбарии оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ мӯътақид аст, ки давлати Амрико бидуни дарёфти посухе муносиби рафторҳояш ақибнишинӣ нахоҳад кард ва гузашти ҳар рӯз дар шароити феълӣ ба зиён Эрон аст.
Бар асоси тафаккуроти ин ҷиноҳ, изҳороти мақомоти амрикоӣ мабнӣ бар адами тамоюли Вашингтон ба оғози даргирӣ бо Теҳрон сирфан токтикӣ ба манзури касби замон буда ва бо идомаи иҷрои таҳримҳои сангини кунунӣ тавоноии ҷангии Эрон тайи ҳадди аксар ду сол хеле заифтар хоҳад шуд..
Аз сӯи дигар бӯҳрони амиқи иқтисодӣ боиси тазъифи машрӯъияти сиёсии ҳукумати Эрон хоҳад гашт. Ин гурӯҳ мехоҳад бо муҳосираи нерӯҳои амрикоии мавҷуд дар минтақа ва анҷоми ҳамалоти кӯчак алайҳи онҳо, Вашингтонро маҷбур ба интихоби яке аз гузинаҳои ҷанг ё тавофуқи ҷомеъ бо Теҳрон кунад.
Ҷиноҳи муҳофизакори Эрон ҳамчунин мӯътақид аст, ки ба далел наздик шудан ба мавъиди интихоботи риёсати ҷумҳурии 2020-и Амрико ва ваъдаи интихоботии Трамп мабнӣ бар хурӯҷи низомиёни ин кишвар аз Ховари Миёна, ба манзури ҷилавгирӣ аз адами оғози ҷанг бо Эрон ҳозир ба додани имтиёзоте ба тарафи эронӣ хоҳад буд.
Ба назари ҷиноҳи муқобил, яъне ислоҳталабон ва ҷиноҳи эътидоли наздик ба Рӯҳонӣ, роҳбурди муҳофизакорон ва шахси раҳбари Эрон дар мавриди масъалаи таниш бо Иёлот муттаҳида Америка дорои риски бисёре аст.
Ба назари Рӯҳонӣ ва тими наздик ба вай, агарчӣ Трамп дар шароити кунунӣ алоқаи чандоне ба оғози ҷанг бо Эрон надорад, аммо эҳтимоли ин ки наздиконаш, ки бисёре аз онҳо тамоюлоти зиддиэронӣ низ доранд, ба сиёсати «афзоиши таниши контролшуда»-и Эрон посухи низоми шадиде бидиҳанд.
Имкони ин ки ин иқдом боиси хурӯҷи контроли умур аз дасти Эрон шавад, бисёр зиёд аст. Ба ҳамин далел аст, ки Зариф, вазири умури хориҷа ва бисёре аз дипломатҳои эронӣ ҳамла ба чандин киштии боркаш дар Амороти муттаҳидаи арабиро иқдоме машкук дониста ва ҳатто онро ба Исроил нисбат додаанд.
Алорағми изҳороти раҳбари Эрон мабнӣ бар ин ки ҷанг миёни Теҳрон ва Вашингтон рӯй нахоҳад дод, изҳороти Трамп ва Помпео дар бораи омодагии Амрико барои эъзоми шумори зиёде низомӣ ба минтақаи Халиҷи Форс дар сурати ниёз ва хурӯҷи бисёре аз коркунон ва дипломатҳои амрикоӣ аз Ироқ нишон медиҳад, ки хатари даргирӣ миёни ду кишвар ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад.
Anadolu Agency