Зодаи Тоҷикистон, нимҳимоятгари дастаи «Торпедо»-и Маскав Муҳаммад Султонов беҳтарин футболбози мавсими 2021/2022-и Лигаи миллии футбол (ФНЛ), дивизиони дуюми чемпионати Русия эътироф шуд.
Султонов дар мавсими гузашта 30 бозӣ гузаронида, 12 ассистент карда, беҳтарин ассистенти Лигаи миллии футбол гардид ва 15 гол задааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Лигаи миллии футбол, нимҳимоятгар ба «Торпедо» барои ғолиби ин мусобиқа шудан ва ба даст овардани роҳхати мустақим ба Премьер-Лигаи Русия мусоидат кард.
Муҳаммад Султонов зодаи вилояти Хатлон аст. Дар синни 10-солагӣ оилааш ба Русия муҳоҷират кард. Ӯ дар дастаҳои ССКА ва «Локомотив»-и Маскав низ бозӣ кардааст. Вай аввалин маротиба дар футболи касбӣ дар ҳайати «Спартак»-и Нальчик баромад.
Дар вактхои гуногун дар командахои «Тосно» (вилояти Ленинград), «Шинник»-и Ярославль, «Ротор»-и Волгоград, Нижний Новгород бози кардааст.
Вай ба «Ротор» ва «Нижний Новгород» ба лигаи олй ёрй расонд, вале Султонов то хол дар лигаи олй мавкеи худро пайдо накардааст.