Номаълум мондани сабаби таркишу сӯхторҳои дар ҳудуди Русия яке пайи дигаре рух дода, дар анборҳои нигаҳдории лавозимоти ҷангӣ ва сӯзишвориҳо, аз баҳсҳои доғи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳост.
Мушовири раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Украина ва ширкаткунандаи музокироти сулҳи Русияву Украина Михаил Подоляк дар шабакаҳои иҷтимоӣ , дар бораи таркишу сӯхторҳои баамаломада дар манотиқи ҳаммарз бо Русия изҳори назар кардааст.
Подоляк кайд карда, ки дар вилоятхои Белгород, Воронеж ва Курск анборхои яроку аслиха таркида, анборхои калони сузишворй низ яке пайи дигаре оташ мегиранд. Ҳамон пойгоҳҳое, ки мошинҳои зиреҳпӯши нерӯҳои Русия дар Украинаро бояд бо маводи сӯхт таъмин кунанд.
“Дар вилоятхои Белгород, Воронеж ва Курск низ сабаби ҳаводиси охир, «демилитаризация», яъне безараргардониро таҳқиқ доранд. Ман шарҳи ин ҳолатро хеле содда баён мекунам”, гуфтааст Подоляк.
“Бубинед, агар шумо (русиягиҳо) тасмим мегиред, ки ба як давлати дигар ба таври оммавӣ ҳамла кунед, ҳамаро яксон дар он ҷо бикушед, аҳолии осоиштаро бо танкҳо торумор кунед ва анборҳои минтақаи худро барои таъмини куштор истифода баред, дер ё зуд албатта бояд подоши амалатонро бубинед. Чунин ҳамлаи пуршиддат ва густарда ба Украина аз ҷониби артиши Русия бетаъсир нахоҳад монд. Ва аз ин ру, беяроқмонии котилон ва безараршавии анборхои Белгород — Воронеж як ҷараёни комилан табиист. Оҳи мазлум радношаванда аст” — таъкид кардааст ӯ.
Михаил Подоляк дар таркишҳо даст доштани низомиёни Укроинро мустақиман тасдиқ накард, аммо рад ҳам накардааст. Ӯ гуфт: “Сабаби сӯхта аз байн рафтани зерсохторҳои низомӣ мутлақо дигар буда метавонад. Шояд дахолати Илоҳӣ ба аъмоли ҷинояткороне бошад, ки дар ҳафтаи муқаддас (ҳафтае пеш аз иди Пасха) дар шаҳри Мариуполи Украина мардуми зиёдеро бераҳмона ба қатл расониданд».
Шурӯъ аз 11 апрел дар минтақаҳои Белгород, Курск ва Воронеж набарди миёни ду халқи як миллат, русҳо ва укроинҳо бештар шиддат гирифтааст.
Рӯзи 1 апрел дар як анбори нафти шаҳри Белгород сӯхтор ба амал омад. Ҳукумати Русия гуфт, ки он бар асари ҳамлаи ҳавоии ду чархболи нерӯҳои мусаллаҳи Украина таркиш рух додааст. Аммо ҷониби Украина инро рад кард.
Рӯзи 25 апрел дар як анбори дигари нафт, пойгоҳи Брянск оташ гирифт. Сабаби сар задани сӯхтор ҳанӯз ҳам маълум нест.
Шаби 27 апрел дар вилоятҳои Белгород, Курск ва Воронеж садои таркишҳо шунида шуд. Волии вилояти Белгород Вячеслав Гладков гуфт, тибқи гузоришҳои муқаддамотӣ, дар наздикии Белгород як анбори муҳимоти ҷангӣ оташ гирифтааст. Худи ҳамин шаб ду таркише дигар дар маркази телерадиои «Маяк» дар минтақаи Приднестрове ба амал омад. Вазорати умури дохилии Приднестрове тасдиқ кард, ки таркиш дар рустои Маяки ноҳияи Григориопол рух додааст.
Субҳи 27 апрел канали Telegram-и хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Твер аз кушта шудани 19 нафар дар як сӯҳтор хабар дод. Сӯхтор дар донишкадаи ҳарбӣ нимаи дуюми рӯзи 21 апрел дар ошёнаи дуюми ин муассиса оғоз шудааст. Гуфта мешавад, ки майдони сӯхтор 2500 метри мураббаъро ташкил кард.
“Агар аз ин силсилаи таркишҳои пайваста ҷониби Русия дарс нагиранду ғазаби роҳбарашон сард нашавад, табиист, ки ҳаводиси ҳамто идома хоҳанд ёфт”.