Рубрики Хабарҳо

Дар Варшава нишасти мухолифини рус шурӯъ шуд

Дақоиқе пеш дар шаҳраки Яблоннаи канори Варшава нишасти мухолифини рус шурӯъ шуд. Мухолифини чанд кишвари собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар он ба ҳайси меҳмон даъват шудаанд.

Паймони миллии Тоҷикистонро дар ин нишаст раиси он Муҳиддин Кабирӣ ва муовини ӯ Алим Шерзамонов намояндагӣ мекунанд.

Иля Пономарёв, вакили собиқи Думаи давлатии Русия нишастро ифтитоҳ кард ва ҳаракатеро, ки намояндагӣ мекунад, “мухолифати миллӣ номид”. Дар нишаст ҳудуди 100 вакили зинаҳои гуногуни Русия, ки аз ин кишвар фирор кардаанд ҳузур доранд.

Пономарёв пешниҳод кард нишастро бо дақиқаи хомӯшӣ ба хотири қурбониёни ҷанги Укроин шурӯъ кунанд. 

Сипас раисикунандаи ҷаласа интихоб карда шуд.     

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *