Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон фурӯши тиллоро 60% камтар кард

Агентии омори Тоҷикистон иттилоъ дода, ки кишвар дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи каме беҳтар аз $421 млн сангу фулузоти гаронбаҳо содир кардааст. Ин нишондиҳанда нисбат бо ҳамин давраи соли 2021 59,4% камтар гуфта мешавад.

Зери ибораи “сангу фулузоти гаронбаҳо” мақомот асосат тиллоро дар назар доранд. Саҳми дигар фулузот ва сангҳо дар ин бахш бисёр ночиз аст. 

Дар ҳамин ҳол, фурӯши тилло дар ин муддат беш аз чаҳоряки ҳаҷми умумии содиротро, ки ба $1.6 баробар шуда, ташкил додааст Ҳаҷми умумии содирот афзоиши 5,5%-и нисбати ҳамин давраи соли 2021 доштааст.

Ҳаҷми асосии одироти кишварро маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан ва консентратҳо, ангишт, неруи барқ ва дигар ашёи хом) ташкил медиҳад, ки беш аз 40% ҳисоб шудааст. 16%-и содирот фарогири фулузоти арзон ва маснуот аз он (алюминий ва маснуот аз он) аст.

Содирот мисли қабл 2,3 баробар аз воридот камтар аст. Дар давоми 9 моҳ ба ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 3,8 млрд доллар молу маҳсулот ворид шудааст, ки 25,7% зиёдтар дар муқоиса бо моҳҳои январ-сентябри соли 2021 мебошад.

Молу маҳсулоти Тоҷикистон асосан ба Қазоқистон (23% аз ҳаҷми умумии содирот), Чин (18%), Ӯзбекистон (9,2%), Туркия (8,7%) ва Афғонистон (5,8%) интиқол дода шудааст.

Гардиши моли хориҷии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон ба зиёда аз 5,4 млрд доллар баробар шудааст, ки 18,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Ба сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия (беш аз 1,2 млрд доллар), Қазоқистон (зиёда аз 1 млрд доллар) ва Чин (965 млн доллар) дохил шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *