Рубрики Хабарҳо

Абдухалил Холиқзода —қурбонии ҷанги ду наҳанг

Бархӯрди мақомот бо Абдухалил Холиқзода, бунёдгузор ва молики беморхонаи “Ибни Сино”, ки баъди нашри китобаш бо унвони “Ҳаводиси рӯзгори ман” боздошт шуд, бадтар аз бархӯрд бо шадидтарин ҷинояткорон аст. Дар ҳоле, ки Холиқзода ба “барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ” гумонбар мешавад ва худи иттиҳом алайҳи ӯ баҳсбарангез аст. Манобеъи “Паём” мегӯянд китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” танҳо баҳона аст ва паси боздошти муаллифи он баҳси ду гурӯҳи қудратманд ва замину бинои гаронарзиш меистад.

Бо гузашти беш аз 20 рӯз ҳеҷ нафар аз наздиконаш Холиқзодаро надидаанд ва касе ҳам намедонад дар чи ҳол қарор дорад. Наздиконаш ба боздоштгоҳ хӯрок мебаранд, мақомоти зиндон онро қабул мекунанд, аммо ҳеҷ маълумоте дар борааш намедиҳанд. Таҷрибаҳои қаблӣ мегӯянд чунин бархӯрд бо ҳадафи маҷбур сохтани боздоштшуда ба эътироф ва гузаштҳо сурат мегирад. Аммо аз Холиқзода чӣ мехоҳанд? Танҳо беморхонааш ва ё чизҳои дигаре?

Худи иттиҳоме, ки алайҳи молики беморхонаи “Ибни Сино” матраҳ аст иҷоза намедиҳад бо ӯ чунин бархӯрде сурат гирад. Ин иттиҳом ҳатто боздошти ҳатмии гумонбаршударо пешбинӣ намекунад. Ва худи иттиҳом ҳам баҳсбарангез аст — бояд чандин ташхис гузаронида шавад то ҷой доштани нукоте дар китоби мазкур, ки боиси барангехта шудани кинаю адовати миллӣ ё мазҳабӣ мешавад, собит шавад. 

Кинаро мақомот барангехтанд

Яке аз сабабҳои роҳандозӣ шудани баҳси тӯлонӣ сари ин китоб ҳам зоҳиран маҳз ба ҳамин хотир буд — омода кардани зеҳни ҷомеъае, ки 1 дарсад ҳам китобхон надорад, барои боздошти нависандаи китобе, ки то шурӯъи баҳсҳо китобашро шояд 1000 нафар ҳам нахонда буданд. Танҳо шурӯъи баҳсҳо боис шуд ҷамоъати бештаре ба ин китоб таваҷҷӯҳ кунанд ва шумори хонандагонаш даҳҳо баробар афзоиш ёбад. Яъне агар баҳсҳои сари ин китоб, ки ҳатман бо дастури мақомот роҳ афтодааст намебуд, ҳатто агар нуктаҳои кинабарангезе дар китоб вуҷуд медошт, шояд аз 1000 хонандааш камтар аз 100 нафар ба он таваҷҷӯҳ мекарданд. Аммо мақомот чунон карданд, ки ҳазорон хонанда маҳз ба ҳамин нукот таваҷҷӯҳ кунанд. 

Манобеъи “Паём” ҳам мегӯянд чанд нафар дастур гирифта буданд баҳс рӯи ин китобро дар шабакаҳои иҷтимоӣ доғ нигоҳ доранд. Ҳатто ҳади ақал аз як нафаре ном мебаранд, ки зоҳиран аз Холиқзода ҳимоят мекард ва мегуфт ҳеҷ нуктае дар ин китоб вуҷуд надорад, ки боиси таҳқири маҳалле шавад ва кинае барангезад. 

Дар барангехтани кина мақомот воқеъан муваффақ шуданд: на танҳо зеҳни ҷомеъа ба боздошти Холиқзода омода шуд (даҳҳо нафар онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ мекарданд), балки гурӯҳи бузурге аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба таблиғот бовар карданд ва мутмаъин шуда буданд, ки воқеъан муаллифи китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” зодагони як маҳалро таҳқир кардааст.

“Крыша”-и фурӯрезанда?

Онҳое ҳам, ки мутмаинанд сабаби таъқиби Холиқзода аслан китобаш нест, ба ин назаранд, ки нафаре аз Оила ё ҳади ақал наздик ба он мехоҳад беморхонаи “Ибни Сино”-ро ғасб кунад. Чун ин ҳам аз усулҳоест, ки Оила ва мансабдорони баландпоя барои ғасби бизнес ё моликияти афроде, ки пуштибони қавӣ надоранд, истифода мекунанд. 

Тибқи иттилоъи манбаъи “Паём” мувофиқи ҳуҷҷатҳо молики аслии бемористон Абдухалил Холиқзода нест. Ин беморхона бо ширкати ҳади ақал ду эронии сокини Аврупо таъсис шуда ва моликони аслии он ҳам онҳо ҳисоб мешуданд. Дертар худи Холиқзода саҳмияҳои ин ду эрониро мехарад ва худаш молики комилҳуқуқи “Ибни Сино” мегардад. Аммо ин моликият дер давом намекунад.

Шояд ихтиёран ва ё шояд бо фишор, Холиқзода саҳми асосӣ дар беморхонаашро ба Абдумумин Ятимов, бародари Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон вомегузорад. Манбаъи “Паём” мегӯяд ин кор зоҳиран бо маслиҳати пешакӣ ва ихтиёран сурат гирифтааст, то беморхонаро аз “чашмалокунии” мансабдорони қудратманди дигар ҳифз кунад. Яъне Ятимовро “крыша” гирифтааст, ки дар Тоҷикистон як кори маъмулӣ, балки барои бизнесҳои миёнаву бузург ҳатмӣ аст. 

Ба назар мерасад Холиқзода дар интихоби “крыша” иштибоҳ кардааст — Ятимов бо суръат мавқеъашро аз даст медиҳад ва ҳарчи бештар ба суқуташ наздиктар мешавад. Дигар на танҳо аъзои хонаводаи раисҷумҳур (кӯтоҳ — Оила) балки мансабдорони сатҳи дувуме мисли Шоҳрух Саидзода худи Саймумин Ятимовро писанд намекунанд, чи расад ба бародараш Абдумумин, ки “қаламрави таъсираш” асосан дар навоҳии наздисарҳадист. Албатта имкони зиёди ин ҳам, ки ҳомии бемористони “Ибни Сино” интихоб шудани Абдумумин Ятимов бо маслиҳати бародараш сурат гирифта, аммо ин вазъи Холиқзодаро беҳтар намекунад — Ятимов дигар “крыша”-ест, ки дорад фурӯ меравад. Ва пеш аз ҳама рӯи онҳое, ки таҳти пӯшишаш қарор доранд.

Ҳадаф танҳо “Ибни Сино” нест

Манбаъи “Паём” мегӯяд ҳадафи рейдерҳо (ғоратгарон) танҳо беморхона нест. Ба гуфтаи онҳо дар паҳлӯи беморхона як бинои дигар, ки ба ҳайси меҳмонхона фаъолият мекунад ва наздики як ҳектор замин вуҷуд дорад, ки ба худи Абдухалил Холиқзода таъаллуқ дорад. Бештар аз худи беморхона ва ҳатто бинои меҳмонхона, рейдерҳо мехоҳанд заминро ба даст оранд, ки дар маркази Душанбе қарор дорад ва арзишаш барои хонасозон бисёр баланд аст. Шояд ғасби худи беморхона дар аввал матраҳ ҳам набудааст.

Чаро дар аввал? Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки аввал барои ба даст овардани калом моликияти бузургеаш нафареро ба ҳабс мегиранд, аммо дертар кулли моликияташ ба ғорат меравад. Чун дар ҷараёни “тафтишот” резахӯрони зиёде пайдо мешаванд, ки мехоҳанд бо истифода аз фурсат “ҳақ”-и худро ситонанд. 

Сабаби аслии бо ин сахтӣ бархӯрд кардан бо Холиқзода ва ба касе нишон надодани ӯ ҳам бо гумони ғолиб ҳамин аст, ки мехоҳанд маҷбӯраш созанд, то ихтиёран замин ва меҳмонхонаро ба ихтиёри “зӯрҳо” вогузорад. Беморхона бошад, агар ба Ятимовҳо зӯрашон расид (ки ҳоло ҳатман мерасад) ҳамроҳ бо замину меҳмонхона молики нав пайдо мекунад, агар на, худи замину меҳмонхона ҳадафи аслӣ аст ва ба даст наомадани беморхона “зарар”-и чандоне нест. 

Дар ҳамин ҳол, манбаъи “Паём” мегӯяд ҳади ақал аз панҷ ниҳод дар беморхонаи “Ибни Сино” маъмурон ҳузур доранд ва тамоми асноди онро бо диққати тамом тафтиш мекунанд. Ҳато имзоҳоеро, ки се-чор сол пеш гузошта шудаанд.

Қудратманди наве, ки мехоҳад ҳамаро таҳти назар дошта бошад

То чанд соли қабл Саймумин Ятимов пурқудраттарин мақомдоре буд, ки панҷаҳояш ҳамаи ниҳоду мақомоти кишварро печида буданд. Раиси КДАМ на танҳо ниҳодҳои маданӣ, балки қудратиро низ таҳти таъсир нигоҳ медошт ва ҳатто Вазорати дохилаву Додситонӣ низ ҷуръат надоштанд бо ӯ сарбасар шаванд. Аммо ҳоло мавқеъи ӯ бо суръат заъиф мешавад ва қудратманди наве зуҳур карда, ки мехоҳад Ятимови 10 сол пеш, ё ҳатто қудратмандтар аз он бошад.

Ин Раҳмон Юсуф, Додситони кулли кишвар аст. Ӯ баъди расиданаш ба мансаб бо оҳистагӣ қудраташро таҳким мекард. Дар ин кор, тибқи иттилоъи манобеъи “Паём” ба ӯ Озода Раҳмон духтар ва раиси дастгоҳи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки бо Ятимов дигар рӯи хуше надорад, кӯмак мекард. 

Билохира чанде қабл Раҳмон Юсуф дар таҳкими қудраташ ба ҷаҳиши бузурге муваффақ шуд — ӯ тавонист ба қудогии Эмомалӣ Раҳмон мушарраф шавад. Ин шонсест, ки бештари мансабдорон орзуяшро доранд, то на танҳо ба қудраташон афзоиш диҳанд, балки онро модомулумр созанд. 

Пайгирии амалкард, даъвоҳо ва баёнияҳои Юсуф Раҳмон ҳам нишон медиҳад баъди қудо шуданаш бо Эмомалӣ Раҳмон густохонатар шудаанд. Ҳамин боздошти Холиқзодаро ҳам комилан ба дӯш гирифтану аланан “ман фармони боздошташро додам” гуфтанаш намунае аз густохиҳои ахирашанд. 

Ҳанӯз маълум нест рейдери аслии моликияти Холиқзода кист — кадом тоҷири хонасози таҳти ҳимояи Юсуф Раҳмон ё Озода Раҳмон ва ё яке аз худи инҳо. Албатта баъид аст худи Озода бошад, чун ин “шикор” барои ӯ бисёр кӯчак аст, аммо метавонад худи Юсуф Раҳмон бошад. Манобеъи “Паём” мегӯянд ӯ аз ҳеҷ луқмаи муфте, чи бузург аст ва чи кӯчак, парҳез намекунад. 

Аммо ин имкон ҳам, ки сабаби аслии ғорати моликияти Холиқзода на худи моликият, балки нишон додани қудрат ба Ятимову “нишондани” ӯ ба ҷояш аст, баъид нест. Яъне Юсуф Раҳмон ба рақиби аллакай мӯйсафед ва заъифаш гуфтанист, ки ӯ ҳади ақал дар Душанбе дигар ҳақи пуштибонӣ аз касеро надорад.

Ҷанг барои қудрати №1 баъди хонавода, ё наздиктарин хабаркаши хонавода байни Юсуф Раҳмону Ятимов чанд сол пеш шурӯъ шуда ва ҳарчи бештар ба нафъи додситони кулл тағйир меёбад. Юсуф Раҳмон на танҳо ҷавонтар ва пурэнержитар аст, балки ду картаи аслӣ ҳам дар дасташ мебошад — ҳам пуштибонии мустақими Озода ва ҳам қудогӣ бо падари Озода, ки Ятимов ҳеҷ кадомеро надорад. Ягона пуштибон аз хонавода, ки Ятимов метавонист умед бандад, то тавонад ӯро аз Озодаву Юсуф Раҳмон ҳифз кунад, Рустами Эмомалӣ аст, аммо Рустам ҳам симпатияи чандоне ба Ятимов надорад ва ҷои ӯро кайҳо барои дӯсташ Шоҳрух Саидов зери чашм кардааст.

Ҳамеша дар ҷанги қудратмандҳо дигарон қурбонӣ мешаванд. Зоҳиран Абдухалил Холиқзода ҳам яке аз ҳамин гуна қурбониҳоест, ки аснои ҷанги ду қудратманд тасодуфан дар майдони ҷанг пайдо мешаванд, ё майдони ҷанг аз рӯи хонаашон мегузарад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *