Рубрики Хабарҳо

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Будапешт бо иттиҳоми узвият дар ДОИШ

Додгоҳи шаҳри Будапешти Маҷористон як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми кирдорҳои зархаридӣ ба ҳабси муваққатӣ ҳукм кардааст.

Тавре хабаргузории венгерии иттилоъ додааст, бо талаби Тоҷикистон  мард дар рӯихати кофтукоби байналмилалии ҷиноӣ қарор доштааст.

«Мақомоти интизомии Тоҷикистон  ба он мутаҳам мекунад, ки ин мард моҳи апрели соли 2016 ҳамроҳи падараш ба шаҳри  Истанбули Туркия рафта, сипас ба таври ғайриқонунӣ марзи Туркия бо  Сурияро убур карда, ба сафи созмони террористии “Давлати исломӣ” дар Сурия пайвастааст. Дар он ҷо дар ҷиноятҳои ҷангӣ алайҳи нерӯҳои давлатии Сурия даст ширкат доштааст.   Дар Тоҷикистон ӯро то 12 соли зиндон таҳдид мекунад», — омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбе, 3 ноябр  додгоҳи Будапешт танҳо шартҳои истирдод ё ҳабси муваққатӣ барои истирдодро баррасӣ кардааст. Ин мард аз додгоҳ хоҳиш кардааст, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод накунанд.

Ҳарчанд, дар хабари расонаишуда дар бораи марди боздоштшуда маълумот дода нашудааст, ба Паём муяссар шуд, ки ҳайсияти ин мардро муайян кунад.

Тибқи маълумоти ба дастовардаи Паём, ин марди боздоштшуда, шаҳрванди Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе, Дониёрзода Иброҳим, мутаваллиди 26 сентябри соли 1996 будааст.

Додгоҳ гуфтааст, ки  агар мақомоти интизомии Тоҷикистон дархости қонунӣ барои истирдод то 13 декабр нафиристад,  ҳабси муваққатӣ барои истирдоди Дониёрзода Иброҳим бояд лағв карда шавад,. Шарти дигари истирдод ин аст, ки Тоҷикистон бояд далелҳои кофии айбдоркунӣ пешниҳод кунад ва кафолатҳои кофии ҳуқуқӣ фароҳам кунад, ки алайҳи айбдоршаванда ба истиснои ҷинояти дар амри ҳабс зикршуда, парвандаи ҷиноии дигар боз нахоҳанд шуд. 

Гуфтанист, тибқи иттилои расмӣ, аз Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ба мисли ДОИШ пайвастаанд. Аммо бино ба маълумоти ғайрирасмӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар будаанд. Даҳҳо нафар аз мақомдорони баландрутба, донишҷӯёне, ки бо квотаи давлатӣ дар Русия ва дигар кишварҳои хориҷ таҳсил мекарданд ва ҳамчунин чандин мансабдорони тоҷик ҳам ба сафи ДОИШ пайваста буданд. Бисёре аз онҳо кушта ва қисме ҳам ба Тоҷикистон баргашта, ба зиндон маҳкум ё афв шуданд.  Мақомот беш аз 220 зану кӯдакро аз Ироқу Сурия ба Тоҷикистон овардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *