Тавре манобеи Паём хабар медиҳанд, мақомот дар чанд шаҳру ноҳияҳои кишвар даҳҳо нафарро бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони мусалмон) дар ҷустуҷӯ қарор додаанд.
Як манбаъи Паём, рӯйхати пурраи ҷустуҷӯшавандагон дар паи ин қазияро ирсол кард, ки ададшон беш аз 50 нафар аст. Гуфтанист, қаблан додситони кулл Юсуф Раҳмон гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон 72 нафарро бо иттиҳоми пайравӣ ба гурӯҳи “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони мусалмон) дар ҷустуҷӯи баналмиллалӣ қарор додааст. Маълум нест чаро ин рӯйхат якбора 20 нафар камтар шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ чанд нафарро дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор додааст ва аксҳои онҳо дар шӯъбаҳои ин вазорат дар навоҳӣ зада шудааст. Номҳои баъзе аз онҳоро Паём аз лавҳаи ҷустуҷӯи ВКД падо кард:
Алимов Бахтиёр Файзуллоевич — моддаи 187 қисми 2.
Ҳамдамов Шералӣ Қосимович — 307 қисми 2 иловаи 2.
Нуруллоев Ғуфрон Каримович — 307 иловаи 3 қисми 2.
Қаноатов Ҷамшед Ҷумъамуродович — моддаҳои 187 қ. 2, 307 иловаи 3 қисми 1.
Ҳамдамов Музаффар Қосимович — 307 қисми 2 иловаи 2.
Ҳасанов Камолҷон Ҳайдарович — моддаи 187 қисми 2.
Рӯйхати пурраи ҷустуҷӯшавандагон дар дасти Паём қарор дорад ва пас аз таҳқиқ нашр хоҳад шуд.
Тавре қаблан Паём хабар дода буд, додгоҳи Тоҷикистон гурӯҳе аз боздоштшудагон бо иттиҳоми “ихвонӣ”-ро содир кард, ки ҳар кадоми онҳо аз 5 то 24 сол ба зиндон маҳкум шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз оғози соли 2020 мақомоти Тоҷикистон боздошти даҳҳо нафарро оғоз намуд. Шодӣ Ҳафиззода, сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД хабар дода буд, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 дар кишвар 274 нафар бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои ифротию террористӣ, аз ҷумла 203 нафар ҳамчун узви «Ихвон-ул-муслимин” дастгир шудаанд.