Тоҷикистон ҳамроҳ бо нӯҳ кишвари ва чанд созмони ифротӣ дар рӯйхати давлатҳои мавриди нигаронии хоси вазорати хориҷаи Амрико шомил шудааст. Ба ин рӯйхат кишвар ва созмонҳое ворид шудааанд, ки озодиҳои диниро муназзам, доим ва шадидан саркӯб мекунанд.
Ин рӯйхатҳоро вазорати хориҷаи Амрико ҳар сол бар асоси гузориши солона ва тавсияҳои Комиссияи озодиҳои мазҳабии байналмилалии Амрико (USCIRF)рӯйхати кишварҳои мавриди нигаронии хосро тартиб медиҳад.
Майкл Помпео, вазири корҳои хориҷаи Амрико, ки ин рӯйхатро муаррифӣ кард, гуфт: “Рӯзи 28 ноябри соли 2018 ман Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи шимолӣ, Покистон, Судон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон ва Туркманистонро бар асоси Қонуни соли 1998 «Дар бораи озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ» барои иштирок ваё таҳаммул кардани «нақзи муназзам, доим (ва) шадиди озодиҳои динӣ» ҳамчун давлатҳои мавриди нигаронии хос муайян кардам”.
Дар ҳамин ҳол, тибқи гуфтаи Помпео, Ӯзбекистон, ки соли гузашта дар ҳамин рӯйхат бо Тоҷикистон қарор дошт, аз он хориҷ ва ба рӯйхати кишварҳои зери назорат ворид шудааст: “Ман ҳамчунин ҷазираҳои Комор, Русия ва Ӯзбекистонро барои иштирок ваё роҳ додан ба «нақзи ҷиддии озодиҳои динӣ» ба рӯйхати махсуси назоратӣ шомил кардам” — гуфт ӯ.
Вазири хориҷаи Амрико ҳамчунин созмонҳоеро номбар кард, ки ба рӯйхати мавриди нигаронии хос ворид гаштаанд: “Ва ниҳоятан, ман Ҷабҳат-ан-Нусра, Ал-Қоидаи Арабистон, Ал-Қоида, Аш-Шабоб, Боко Ҳарам, ҳусиҳо, ДОИШ, ДОИШ-Хуросон ва Толибонро ҳамчун созмонҳои мавриди нигаронии хос таъйин кардам”.
Помпео гуфт Амрико дар қиболи маҳдудкунии озодиҳои динӣ хомӯш нахоҳад буд. “Дар гӯшаҳои хеле зиёде дар саросари дунё мардумон фақат барои онки мехоҳанд мутобиқ ба ақидаҳои худ зиндагӣ кунанд, ҳамчунон таҳти таъқибу боздошт ва ҳатто марг қарор мегиранд. Иёлоти Муттаҳида дар муқобили чунин табъизҳо ҳамчун тамошобин нахоҳад нишаст. Ҳимоят ва кумак ба озодиҳои динии байналмилалӣ дар руъуси сиёсати хориҷии маъмурияти Трамп қарор дорад” — изҳор кард ӯ.
Вазири умури хориҷаи Амрико ҳамчунин гуфт: “Ҳимояти озодиҳои динӣ барои таъмини сулҳ, субот ва пешрафт ҳаётан муҳим аст. Ин ҳама беҳбуди ҳаёти мардум ва пешрафти бештари ҷомиаҳоро ба ҳадаф дорад. Бояд эътироф кунам, ки бархе аз ин кишварҳои зикршуда рӯи беҳбуди сатҳи арҷгузории худ ба озодии эътиқод кор карда истодаанд. Ман аз чунин ибтикор истиқбол мекунам ва бесаброна мунтазири идомаи муколама ҳастам”.
Комиссияи озодиҳои мазҳабии байналмилалии Амрико (USCIRF)бар асоси Қонуни соли 1998 «Дар бораи озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ» имсол барои бори 20-ум гузориши солонааш дар мавриди вазъи риояи озодиҳои мазҳабӣ дар кишварҳои дунёро нашр кард.
Дар ин гузориши 20-умаш, ки дар миёнаҳои моҳи ноябр нашр шуд, USCIRF бори дигар ба вазорати хориҷаи Амрико тавсия дод, то Тоҷикистонро ба рӯйхатти давлатҳои мавриди нигаронии хос шомил кунад.
Дар гузориши USCIRF дар мавриди Тоҷикистон аз ҷумла чунин омадааст: «Дар соли 2017 дар пасманзари ташдиди назорати кишвар аз сӯи президент Эмомалӣ Раҳмон ва оилаи ӯ ҳукумат мисли пеш эҳсосоти мазҳабии мардумро саркӯб карда, ҳамчунин ҷамъиятҳои ақалиятҳои диниро таъқиб мекард. Дар байни онҳое, ки маҳкум ба зиндон шуданд, афроди гумонбар ба пайравӣ аз Салафия, як узви ҷамъияти Шоҳидони Яҳво, ҳамчунин як роҳиби баптист ҳастанд. Мақомот ҳамлаҳо ба фароизи мазҳабиро идома дода, ба ҳадде расиданд, ки баргузории тӯю маросими азоро маҳдуд карданд. Таҳсили олии исломӣ дар кишвар амалан аз байн бурда шуда, талошҳое барои маҳдуд кардани риояи Рамазон низ мушоҳида мешуд… «
Ба рӯйхати сиёҳи Иёлоти Муттаҳида барои саркӯбгарони озодиҳои динӣ шомил шудани кишвар метавонад боиси эҷоди маҳдудиятҳо дар роҳи ҳамкориҳояш бо Амрико, аз ҷумла дар мавриди дастрасӣ ба ёриҳои шавад. Вазорати хориҷаи Амрико бар асоси ин гузориш метавонад ҳатто масъалаи ҷорӣ кардани таҳримот ба зидди чунин давлатҳои саркӯбгарро матраҳ кунад.
Бори аввал Тоҷикистонро Вазорати хориҷаи Амрико моҳи феврали соли 2016 ба рӯйхатти давлатҳои мавриди нигаронии хос шомил кард. Соли 2017 низ Тоҷикистон дар ин рӯйхат қарор гирифт ва инак соли саввум вориди он шуд.