Рубрики Хабарҳо

Раҳмон дар Миср бо Шолтс мулоқот кард

Дирӯз 7 ноябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Ҷумҳурии арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо канслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар муҳокима гардид, иттилоъ медиҳад “Ховар”.

Тибқи иттилоъи манбаъ, “дар рафти мулоқот масъалаи идомаи муколамаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ баҳри рушд, баргузории ҳамоиши доираҳои иқтисодии Тоҷикистону Олмон ва иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии “Ҳафтаи Сабзи Берлин 2023” баррасӣ карда шуд”.

Ҳамчунин “ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим, хушксоливу камобӣ, обшавии пиряхҳо, вазъи печидаи Афғонистон, пайомадҳои пандемия, таҳримҳо ва таъсири он ба кишварҳо табодули андеша карданд”.

Эмомалӣ Раҳмон аз Олаф Шолтс даъват кардааст бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *