Рубрики Хабарҳо

Эрон аз мушаки баллистикии Хайбар рӯнамоӣ кард

Вазорати дифоъи Эрон дирӯз, панҷшанбе 25 май аз ҷадидтарин мушаки сохта шудаи Созмони саноеъи ҳавофазоии ин вазоратхона ба номи “Хайбар” бо бурди 2000 километр, ки гуфта шуда аз насли мушакҳои баллистикии “Хуррамшаҳр” аст, рӯнамоӣ кард. 

Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар маросими рӯнамоӣ, ин мушакро яке аз пешрафтатарин мушакҳои тарроҳишудаи Созмони ҳавофазо хонд, ки “ба сараки ҷангӣ аз навъе шадидулинфиҷор бо вазни 1500 килограмм” муҷаҳҳаз буда ва сӯхти он ҳам “моеъ” аст. 

Вазири дифоъи Эрон ҳамчунин ин мушакро мушаки “нуқтазан” тавсиф кард, ки қобилияти “радаргурезӣ ва убур аз падафанди ҳавоии душман”-ро дорад. 

Хабаргузории расмиии Ҷумҳурии Исломӣ, ИРНО ҳам аз ҷумлаи вижагиҳои “барҷаста”-и ин мушакро “замони омодасозӣ ва партоби сареъ”-и он унвон карда, ки боис мешавад ин мушакро илова бар як силоҳи стратегӣ ба як силоҳи “тактикӣ” ҳам табдил кунад. 

Давлати Фаронса озмоиши ин мушаки дурбурдро нақзи қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид хонда ва Клэр Лиганда сухангӯи вазорати хориҷаи Фаронса, ба хабарнигорон гуфт: “ин фаъолиятҳо дар шароити идомаи таниш дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон нигаронкунандатар аст”. 

Мэттю Миллер, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико, ҳам гуфт, ки тавсеаи мушакҳои баллистик “таҳдиди ҷиддӣ” барои амнияти минтақа ва ҷаҳон аст. 

Рӯнамоии аз ин мушак ду рӯз пас аз он сурат мегирад, ки фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Исроил “иқдоми низомии эҳтимолӣ алайҳи Теҳрон бар сари барномаи ҳастаӣ”-и ин кишварро ҳамзамон бо таваққуфи талошҳои қудратҳои ҷаҳон барои эҳёи тавофуқи ҳастаӣ матраҳ кард. 

Пештар Созмони иттилооти вазорати дифоъи Амрико (ДИА) дар гузорише гуфта буд, ки Эрон алорағми чанд даҳа таҳримҳои Амрико муваффақ шудааст бузургтарин барномаи мушакиро дар байни кишварҳои минтақаи Ховари Миёна дошта бошад; Барномае, ки аз барномаи мушакии Исроил ҳам бузургтар аст. 

Таҳлилгирони масоили низомӣ ҳам мӯътақиданд Эрон яке аз бузургтарин барномаҳои мушакӣ дар Ховари Миёнаро дорост ва “бурди таслиҳоташ метавонад ба пойгоҳҳои Исроил ва Амрико дар минтақа бирасад.” 

Ба рағми мухолифатҳои Амрико ва Аврупо, Ҷумҳурии Исломӣ ҳамвора таъкид карда, ки барномаи мушакии “дифоъӣ” худро тавсеа хоҳад дод, ки ҳамин масъала аз ҷумлаи мавридҳои ихтилоф байни Эрон ва кишварҳои мавриди музокира бар сари эҳёи Барҷом аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *