Рубрики Хабарҳо

Интихоботи Туркия; Қуличдоруғлу аз Урдуғон шикоят кард

Рақиби интихоботии Урдуғон ба далели пахши як видеои таблиғотии ҷаълӣ ва монтажшуда аз ӯ шикоят кардааст. Қуличдоруғлу дар ин видеои сохтагӣ дар канори як фармондеҳи низомӣ аз ҳизби коргарони Курдистон (ПКК) нишон дода мешавад. 

Дар остонаи даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳури Туркия ва дар гармогармии пешбиниҳо, Камол Қуличдоруғлу, рақиби интихоботии Раҷаб Таййиб Урдуғон, шикояте алайҳи ӯ сабт кард. Қуличдоруғлу мегӯяд ӯро дар як видеои сохтагӣ дар канори як фармондеҳи низомӣ аз ҳизби коргарони Курдистон (ПКК) нишон медиҳанд. 

Дар видеои мавриди назар, ки шикоят бар он такя мекунад, Қуличдоруғлу ба сурати зимнӣ ба робита бо шибҳинизомиёни курд муттаҳам шудааст. Вакили Қуличдоруғлу эълом кардааст, ки ба ҳамин далел, парвандае алайҳи Урдуғон ташкил шудааст. Гуфта мешавад, ки Раҷаб Таййиб Урдуғон ин видеоро борҳо дар митингҳои интихоботии худ пахш кардааст. 

Ин шикоят дар ҳоле сабт шуда, ки Синон Авғон, ки дар даври аввал бо беш аз 5 дарсад овозҳо дар ҷойгоҳи севум қарор гирифта буд, ҳимояти худро аз Урдуғон эълом кард. 

Дар муқобил, ҳизби демократики халқҳо ва ҳамчунин ҳизби Чари Сабз, ҳимояти худро аз Камол Қуличдоруғлу эълом кардаанд. 

Дар даври нахусти интихобот, Раҷаб Таййиб Урдуғон номзади ҳизби ҳоким Адолат ва Тавсеа, 49.5 дарсад овозҳоро ба даст овард ва раъйи ба дастовардаи Қамол Қуличдоруғлу, номзади муштараки эътилофи оппозитсион ба 44.9 дарсад расид. 

Даври дувуми интихоботи Туркия якшанбе 28 май баргузор мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *