Рубрики Хабарҳо

Дидори Байден ва Си: Ҳар ду таҳдидҳои атомии Русияро маҳкум карданд

Дар нахустин дидори рӯёрӯи раҳбарони Амрико ва Чин, ҳар ду кишвар таҳдидҳои ҳастаии Кремл алайҳи Укроин ва Ғарбро маҳкум карданд. Байден иқдомоти “афзояндаи таҳоҷумӣ”-и Чин алайҳи Тайванро маҳкум кард ва Си гуфт Амрико аз “хати сурх”-и Чин убур накунад. 

Бар асоси иттилоияи Кохи Сафед, Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ва Си Ҷинпин, раиси давлат ва раҳбари ҳизби коммунисти Чин, дар нахустин дидори ҳузурии худ, ба таври муштарак таҳдидҳои Русия барои истифода аз силоҳи ҳастаӣ дар Укроинро маҳкум карданд. 

Кохи Сафед пас аз нишасти сесоатаи раҳбарони ду кишвар дар ҷазираи Балии Индонезия дар рӯзи душанбе эълом кард, ҳар ду тараф аз ҷумла тавофуқ карданд, ки “як ҷанги ҳастаӣ ҳаргиз набояд оғоз шавад”. Чунин ҷанге ҳаргиз наметавонд ба пирӯзӣ бианҷомад. 

Дар иттилоияи Кохи Сафед омадааст, ки раисҳои ҷумҳуриҳои ду кишвар бар мухолифати худ бо “истифода ё таҳдиди таслиҳоти ҳастаӣ дар Укроин” таъкид кардаанд ва Байден низ нисбат ба “рафтори таҳрикомез”-и Кореяи шимолӣ ибрози нигаронӣ кардааст. 

Байден гуфтааст, ки тамоми ҷомеаи байналмилалӣ дар мутақоид кардани Кореяи шимолӣ ба рафтори масъулона манфиат дорад. То кунун аз тарафи чинӣ дар мавриди ин мавзӯъ мавзеъгирӣ нашудааст. 

Мулоқот дар шаҳри Нуса Дуа дар Бали аввалин дидори рӯёрӯ миёни Си Ҷинпин, раисҷумҳур ва раҳбари Чин ва Байден, раисҷумҳури Амрико аз замони зимомдории ӯ дар ду соли пеш будааст. Ин ду дар ҷазираи Балии Индонезия ба манзури ҳузур дар нишасти имсоли Гурӯҳи 20, ки муташаккил аз муҳиммтарин кишварҳои санъатӣ ва навзуҳур аст ва аз имрӯз сешанбе 15 ноябр  оғоз мешавад, иқомат доранд. 

Интизор мерафт, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ дар ин нишаст ҳузур ёбад. Аммо раҳбари Кремл тарҷеҳ дод Сергей Лавров, вазири умури хориҷа намояндагӣ аз сӯи Русия эъзом кунад. 

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида дар дидори худ бо Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, иқдомоти “таҳоҷумии афзоянда”-и Пекин алайҳи Тайванро маҳкум кард ва дар айни ҳол таъкид кард, ки ӯ “ҷанги сарди ҷадид”-ро намехоҳад. 

Кохи Сафед рӯзи душанбе 14 ноябр эълом кард, Байден пас аз дидори руасои ҷумҳури ду кишвар дар ҳошияи нишасти Гурӯҳи 20 дар Индонезия гуфтааст рӯйкарди Чин ба Тайван “сулҳ ва субот” дар минтақаро тазъиф ва “шукуфоии ҷаҳони”-ро таҳдид мекунад. 

Дар конфронси матбуотии баъдӣ, Байден гуфт, ки интизори ҳамлаи қарибулвуқуъи Чин ба Тайванро надорад. Раисҷумҳури Амрико ҳушдор дод: “мо бо тағйироти якҷониба дар вазъияти мавҷуд аз ҳар тараф мухолифем.” 

Байден зимни ҳушдор ба Си Ҷинпин нисбат ба истифода аз нерӯи низомӣ алайҳи Тайван дар айни ҳол таъкид карда, ки сиёсати Иёлоти муттаҳида дар мавриди Чини ягона, ки бар асоси он Вашингтон раҳбари Пекинро ба унвони танҳо давлат Чин ба расмият мешиносад, тағйире накардааст. 

Пас аз гуфтугӯи беш аз се соата бо Си дар мавриди равобити байни ду кишвар, Байден гуфт, ки лозим нест “ҷанги сарди ҷадиде” вуҷуд дошта бошад: “ман ҳеҷ даргирӣ намехоҳам, мехоҳам ин рақобатро масъулона мудирият кунам.” 

Ба гуфтаи вазорати хориҷаи Чин, Си ба Байден гуфтааст, ки ҷаҳон барои ду кишвари рақиб ба андозаи кофӣ бузург аст. Дар ҳоли ҳозир, “Чин ва Иёлоти муттаҳида бештар, на камтар, манофеъи муштарак доранд”. 

Ба гузориши Синхуа, хабаргузории давлати Чин, Си ба Байден ҳушдор дода, ки дар даргирии Тайван аз “хати сурх” убур накунад ва мавзӯъи Тайван мавриди таваҷҷуҳи Чин аст. 

Пекин ин ҷумҳурии ҷазираии демократикро бахше аз Ҷумҳурии Халқӣ медонад, дар ҳоле, ки Тайван худро кишвари мустақил қаламдод мекунад. 

“Чолишҳои бисёр” дар равобити Амрико ва Чин 

Равобити Чин ва Иёлоти муттаҳида пуртаниш ва феҳристи масоили миёни ду кишвар нисбатан тӯлонӣ аст. Аммо дар ин дидори раҳбарони ду кишвар ирода барои ҳамкорӣ бо якдигарро нишон доданд. 

Си дар ибтидои ин мулоқот гуфтааст, ки равобити дуҷониба бо “чолишҳои зиёде мувоҷеҳ аст”. Вай гуфт: “мо ба унвони раҳбарони ду кишвари бузург бояд масири дурустеро барои равобити дуҷонибаи Амрико ва Чин интихоб кунем. Як давлатмард бояд ба наҳваи бархурд бо дигар кишварҳо ва ҷаҳони бузургтар низ фикр кунад.” 

Байден: ҷилавгирӣ аз табдил шудани рақобат ба даргирӣ 

Байден пеш аз ин музокирот эълом карда буд, ки мехоҳад хутути сурхро ба Си нишон диҳад. Раисҷумҳури Иёлоти муттаҳида гуфт: “суъитафоҳумҳои бисёр каме байни мо вуҷуд дорад. Мо фақат бояд бифаҳмем, ки хутути сурх куҷо ҳастанд, ва муҳиммтарин чизҳо барои ҳар як аз мо дар ду соли оянда чист.” 

Байден ибрози умедворӣ кард, ки битавон аз даргирии байни ду кишвар ҷилавгирӣ кард. Барои ӯ муҳим аст, ки ихтилофотро таҳти контрол дароварад ва аз “табдил шудани рақобат ба як даргирӣ” ҷилавгирӣ кунад. 

Байден гуфт, ки ҷаҳон аз ҳар ду кишвар интизор дорад дар мавриди чолишҳои иқлимӣ ва маводи ғизоӣ иқдом кунанд. Мушовири амнияти миллии ӯ, Ҷейк Саливан, гуфт, ки ёфтани манотиқе, ки манофеъ дар он ҳамсу ҳастанд, муҳим аст. Си ҳамчунин гуфт, ки мехоҳад бо Байден барои бозгардондани равобити ду кишвар ба масири дуруст кор кунад. 

Ҳар ду кишвари қудратманд ба таври физояндае дар рақобат ба сар мебаранд. Феҳристи ихтилофоти ду кишвар тӯлонӣ аст: ҳимояти Чин аз Русия пас аз ҳамла ба Укроин, ҷанги тиҷорие миёни ду кишвар, таҳдидҳои Чин алайҳи Тайвани демократик ва иддаоҳои арзӣ дар дарёи Чини ҷанубӣ. Чин низ ба навбати худ, Иёлоти муттаҳидаро муттаҳам мекунад, ки мехоҳад монеъи рушди ин кишвар дар ҷаҳон шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *