Рубрики Хабарҳо

Пойгоҳи савдои Тоҷикистон ба кор оғоз кард

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Пойгоҳи савдои Тоҷикистонро расман боз кард. Ин пойгоҳ таҳти нишонии дастрас аст. Маросими ифтитоҳи пойгоҳ шанбеи гузашта дар Душанбе баргузор шуд.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии вазорат пойгоҳ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази Тиҷорати Байналмилалӣ, бо кӯмаки молиявии Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария ва дигар шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи Рушди СММ ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо таҳия гардидааст.  Манбаъ хабар медиҳад, “пойгоҳи савдои Тоҷикистон таҷрибаи нахустин дар фаъолияти савдои хориҷии кишвар буда, ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ ва дигар тарафҳои ҳавасманд имконияти гирифтани маълумотро вобаста ба расмиёти воридотӣ, содиротӣ ва транзитии 39 гурўҳи молӣ баробар ба тахминан 1500 молу маҳсулот фароҳам меоварад”.

Дар рафти чорабинии мазкур навори кӯтоҳ дар бораи Пойгоҳи савдои Тоҷикистон ба иштирокчиён муаррифӣ гардид. Завқизода Завқӣ Амин, вазири иқтисод ва рушди Тоҷикистон изҳор дошт, “рақамикунонӣ ва соддагардонии расмиёти савдо бо ҳадафи пешбурди самараноки тиҷорат” роҳандозӣ шудааст.

Тибқи иттилоъи Маркази савдои байналмиллалӣ, пойгоҳи содагардонии тартиботи савдо, як пойгоҳи онлайнӣ аст, ки тартиботи воридоту содиротро қадам ба қадам нишон медиҳад.  

Он дар шакли барои истифодабаранда сода ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва шаклҳо (формаҳо), аз ҷумла сертификат, литсензия ва иҷозатномаҳоро, ки ширкатҳо бояд аз мақомоти давлатӣ дар сарҳад ҷамъоварӣ ва ё дастрас кунанд дар дастрасӣ қарор додааст. Ҳамчунин пойгоҳ дар бораи пардохту боҷҳо, ки бояд трейдерҳо дар сарҳад анҷом диҳанд, маълумот медиҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *