Вазорати хориҷаи Амрико дар баёнияе зимни радди ҳар гуна ҳимоят аз Созмони муҷоҳидини халқ эълом кард, ки ин гурӯҳи мухолифи ҳукумати Эронро “як ҷунбиши демократики қобили боварӣ” ва “намояндаи мардуми Эрон” намедонад.
Ба гузориши садои Амрико, ки ба нусхае аз ин баёния даст ёфта, вазорати хориҷаи Иёлоти муттаҳида иддаои “ҳимоят” аз Созмони муҷоҳидини халқ дар Албания ва “омӯзиш”-и аъзои ин гурӯҳро рад кардааст.
Дар бахше аз баёния яке аз сухангӯҳои вазорати хориҷаи Амрико омадааст: “ҳарчанд Иёлоти муттаҳида аз моҳи сентябри соли 2012 дигар Созмони муҷоҳидини халқро як Созмони террористии хориҷӣ дар назар намегирад аммо Амрико Созмони муҷоҳидини халқро як ҷунбиши демократики қобили боварии мухолифони [ҳукумати Эрон], ки намояндаи мардуми Эрон маҳсуб шавад, намедонад.”
Вашингтон дар бахши дигаре аз ин баёния таъкид кардааст, ки ҳамчунон “нигарониҳои ҷиддӣ” дар бораи Созмони муҷоҳидини халқ аз ҷумла иддаоҳои матраҳшуда дар бораи “сӯъистфода” аз аъзои ин гурӯҳ дорад.
Созмони муҷоҳидини халқ дар вокуниш ба ин баёния эълом карда, ки мавзеъгирии Амрико нишондиҳандаи “истиқлол”-и ин гурӯҳ аст. Ин дар ҳоле аст, ки шуморе аз мақомҳои пешини давлати Иёлоти муттаҳида аз ҷумла Майк Пенс, муовини пешини раисҷумҳурӣ, Рудолф Ҷулиани, мушовир ва вакили Доналд Трамп, раисҷмуҳури собиқ ва Майк Помпео, вазири хориҷаи пешин бо раҳбарони Созмони муҷоҳидин дидор кардаанд ва ё дар нишастҳои ин гурӯҳ суханронӣ кардаанд.