Рубрики Хабарҳо

Созмони Милал: Маҳмадалӣ Ҳаит бояд билофосила озод шавад

UN Working Group on Arbitrary Detention ё Гурӯҳи корӣ оид  ба боздоштҳои худсаронаи Созмони Милал бо боздошти худсарона ва хилофи қонун хондани боздошт ва ҳабси абади муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит, аз ҳукумати Тоҷикистон хост ӯро билофосила озод ва ба ӯ ҷуброн пардохт кунад.

Бо иттилои созмони ҳуқуқии Freedom Now, Гурӯҳи корӣ оид  ба боздоштҳои худсаронаи Созмони Милал (UN WGAD) баррасии парвандаи Маҳмадалӣ Ҳаитро як моҳ қабл — 17 апрел ба итмом расонида, онро дар ба созмонҳои ҳуқуқии Freedom Now ва Hogan Lovells LLP фиристодааст. Парванда аз 13 саҳифа ва 88 банд иборат аст.

Баррасии парвандаи Маҳмадалӣ Ҳаит дар Созмони Милал баъди шикояти ин ду созмон дар сентябри соли 2017 оӯоз шуда буд. UN WGAD дар натиҷаи баррасии боздошти муовини раиси ҲНИТ худсарона ва хилофи қонун аст ва аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб кардааст Ҳаитро билуни таъхир озод намояд. Барои ин UN WGAD ба Тоҷикистон 6 моҳ вақт додааст.

Мудири ҳуқуқии Freedom Now Кейт Барт дар вокуниш ба ин арзёбӣ гуфт:  «Мо аз дидгоҳи Гуруҳи корӣ истиқбол мекунем. Аз замони ҳабси Маҳмадалӣ Ҳайит аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дар чорчӯби маъракаи саркӯби ҳизбҳои мухолифи осоишта 975 рӯз гузашт. Ҳукми бениҳоят шадиде, ки ӯ дучор шуд, ҳуқуқи аслии инсонии ӯ, аз ҷумла ҳуқуқаш ба озодии баёнро поймол мекунад. Freedom Now аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба арзёбии Гуруҳи корӣ эҳтиром гузошта, Ҳайитро билофосила ва бидуни қайду шарт озод кунад.”

Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба Гурӯҳи корӣ оид  ба боздоштҳои худсаронаи Созмони Милал оиди парвандаи Маҳмадалӣ Ҳайит мавриди шиканҷа, бадрафторӣ ва маҳрумияти ҳуқуқӣ қарор гирифтани ӯро рад кардаанд. Вале Гуруҳи корӣ посухи ҳукуматро ғайрикофӣ номида, гуфтааст, ки далелҳои овардаи ҳукумат шаку шубҳаҳои мавҷударо дар бораи ноодилона будани ҳукми муовини раиси ҲНИТ камтар накардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *