Рубрики Хабарҳо

Сарафрозе, ки се сол шуд бенишон аст

Дар Миср ҳам мисли Тоҷикистон мухолифин тез-тез бедарак мешаванд. Вале агар дар бораи Миср тамоми дунё мегӯяд, аз ҷиноятҳое, ки дар Тоҷикистон воқеъ мешавад, маъмулан хомӯшанд.

18-уми май аз нопадидшавии блогнависи ҷавон ва фаъоли ҷамъиятӣ Эҳсон Одинаев (Сарафрози Оламафрӯз) се сол сипарӣ шуд. Тахаллуси интихобкардааш — Сарафроз воқеъан баёнгари ҳолаш буд: сари баланди як ҷавони 21 сола, ки инқилобе дар андешаи ҷавонони тоҷик ворид кард.  

Эҳсон Одинаев аз ҳамсолонаш фарқ мекард: мавкеъи фаъолонаи сиёсӣ, ҳарисӣ ба барқарории адолат ва озодандешӣ. Модари ӯ Оева Шоира Қудратовна мегӯяд сабаби бедарак шудани Эҳсон ҳамин мавқеъи сиёсиаш буд.

“Ман мутмаинам, ки Эҳсон дар зиндони Тоҷикистон аст, чун  ба Тоҷикистон фиристода шуда буд. Вале мақомоти кишвар инро эътироф намекунанд” — гуфт ба Паём модари Одинаев.

Модари Эҳсон мунтазир аст, ки рӯзе мақомот ба созмонҳои ҳуқуқӣ иҷозаи вуруд ба зиндонҳоро медиҳанд.  

Эҳсон бо бародараш Вайсиддин

Шоира Оева дар ғайб задани писараш Бахтиёр Лангариевро гунаҳкор медонад. Гуфтанӣ аст Бахтиёр Лангариев Тоҷикистонро баъди ҳаводиси Кӯлоб, ки бо бародараш Сӯҳроб Лангариев бастагӣ дошт, тарк кард. То рафтанаш аз кишвар ӯ дар вазифаи қумондони Гурӯҳи махсуси зудамал (СОБР) ифои вазифа мекард ва сарҳанги (полковник) пулис буд.

Бахтиёр Лангариев соли 2016 ба Тоҷикистон баргашт ва дарҳол раҳбари яке аз шӯъбаҳои раёсати ташкилӣ-идоракунии Ситоди марказии Нерӯҳои мусаллаҳ таъин гардид.

“Писарам дар Санкт-Петербург ду маротиба бо Бахтиёр Лангариев вохӯрӣ карда буд. Ӯ ваъда кард, ки барои ҳамаи оилаи мо визои Шенген омода мекунад. Лангариев таъкид мекард, ки ману духтарам ҳам ҳамроҳи Эҳсон бошем, вале бинобар набудани шароит ман омада натавонистам” — мегӯяд модари Эҳсон.

Шоира Оева мегӯяд Эҳсон аз ин ки тоҷиконро дар русия Равшану Ҷамшуд меномиданд, бисёр нороҳат буд.

“Дар 26 соли ҳукмронии Эмомлаӣ Раҳмон тоҷикон ба “гастарбайтер” -у “мигрант” ва Равшану Ҷамшут табдил шуданд. Дар ҳар қадам тоҷиконро таҳқир мекунанд. Ба мухолифат пардохтани фарзандони ман натиҷаи сиёсати Раҳмонов аст, ки маҷбурашон кард аз ҳуқуқи худу ҳамсолонашон дифоъ кунанд” — гуфт Оева дар хотима.    

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *