Рубрики Хабарҳо

Лофи афзоиши 111 баробарии буҷа ва 1,5 халта орди муаллим

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷашни 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ, боз лоф аз рушди иқтисоди кишвар зад. 

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, тайи бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардидааст.

Ба қавли раисҷумҳур маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз 1 миллиарду 800 миллион сомонии соли 2000-ум ба 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расидааст. Қисми даромади буҷаи давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шудааст. Бо ин ҳисоб маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои раисҷумҳур соли 2022 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 114 миллиард сомонӣ расида, даромади буҷети давлатӣ ба 33 миллиард сомонӣ баробар мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вақте аз рушд лоф мезанад, ҳамеша рақамҳоро бо пули миллӣ ироа мекунад. Дар муддате, ки ӯ лофашро мезанад, қурби пули миллӣ панҷ баробар поинтар рафта, таваррум ҳам ба ҳисоби миёна на камтар аз 7% дар сол будааст. Барои мисол соли гузашта Тоҷикистон шоҳиди таварруми 9,4 фоизӣ буд. Дар соли 2022 ин нишондиҳанда аз 8% убур кард.

Афзоиши 111 баробарии даромади буҷаро, ки раисҷумҳур аз он лоф мезанад метавон бо мисоли оддӣ муқоиса кард: соли 2000-ум муаллим, яке аз аслитарин кормандони буҷавӣ бо моҳонааш метавонист 1 халта орду 2 литр равған харад, дар соли 2022, баъди азоиши 111 баробарии буҷа метавонад 1,5 халат орду 3 литр равған харад. 

Ба гуфтаи Раҳмон, дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи гуногуни истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб 4 баробар зиёд гардидааст. Дар ҳамин ҳол, мақомот дар аксар ҳолат маслан ба кор даромадани як дастгоҳи ширполоӣ дар ноҳияеро ҳам чун шурӯъи кори корхонаи саноатӣ қаламдод мекунанд.

Раисҷумҳур истеҳсолоти ангиштро низ аз рушди иқтисод арзёбӣ карда, мисол овард, ки соли 1990 дар кишвар ҳамагӣ 313 ҳазор тонна ангишт ва 500 ҳазор тонна семент истеҳсол мешуд. Дар соли 2021 — 2 миллиону 300 ҳазор тона ангишт ва 4 миллиону 500 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *