Рубрики Хабарҳо

Ҷабборов ваъда дод мушкилоти марз бо Тоҷикистонро то соли нав ҳал кунад

 Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов ваъда дода, ки тарҳи созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон то соли нав омода ва ба парлумони ин кишвар ироа мешавад. Дар ин бора хабар медиҳад. 

Ҷабооров дирӯз, 17 ноябр дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон  гуфтааст “бо хости Худо масъалаи марз бо Тоҷикистонро ҳам ҳал мекунем. Агар монеъае пайдо нашавад, тарҳро то соли нав тамом мекунем. Мо бояд дар ҳамдиливу дӯстӣ бо чаҳор кишваре, ки бо онҳо сарҳади ягона дорем, зиндагӣ кунем. Ҳеҷ шаҳрванд ва сарбозе набояд кушта шавад. Қабл аз ҳама, мо бояд дар ин бора биандешаем”.

Раисҷумҳури Қирғизистон иддао кардааст, ки пас аз имзои созишномаҳо бо ҳамсоягон қаламрави кишвараш 5% бештар хоҳад шуд.  “Агар имрӯз масоҳати Қирғизистон 199 ҳазор километри мураббаъро ташкил диҳад, пас аз ҳалли масоили мразӣ бо ҳамсояҳо он ба 210 ҳазор хоҳад расид” — гуфтааст Ҷабборов аммо шарҳ надода, ки аз ҳисоби кадом кишвар қаламрави Қирғизистонро бештар карданист. 

Ӯ ваъда карда, ки масоили марзӣ бо Тоҷикистон низ ҳал хоҳад шуд ва таъкид карда, ки “пас аз ҳалли масъалаи сарҳад ва тасвиби созишномаҳо, сулҳ на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ барқарор хоҳад шуд”.

Қаблан Содир Ҷабборов , ки ба мавзеи Чоркӯчаи Исфара, ки қирғизҳо онро Торт-Кочо меноманд ва дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон карор дорад, мақоми ҳудуди бетараф дода мешавад. 

Ин мавзеъе аст, ки Қирғизистон,дар соли 2009 ба муҳлати 49 сол ба иҷора гирифта буд, ва ҳоло мегӯяд он баҳсӣ аст. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора изҳори назаре накардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *