Дар зиндагӣ ҳар як нафар вазифаҳои зиёд дорад. Ҳар яки мо якчанд вазоиф дорем, ки ҳатман бояд иҷро кунем. Аммо болотар аз ҳама заруриёту воҷибот ду амри ҳатмие аст, ки ҳатман бояд иҷро шавад. Яке иҷро кардани ҳаққи Парвардигор, бо анҷом додани фармудаҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш ва дигаре анҷом додани ҳаққи волидон, некӣ кардан дар ҳаққи падару модар.
Агар ҳар як инсон барои худаш оилаашро, падару модар, хоҳару бародарашро интихоб мекард, дунё ранги дигар дошт. Вале интихоби падару модар, дар кадом оила ба дунё омадани ҳар яки мо ба дасти соҳиби қудрати аслӣ Аллоҳи ҳакиму раҳим аст.
Яке падари донишманду порсо дорад, яке падари алколиву маишатпараст. Падари яке шабу рӯз дар фикри фарзандонаш аст, мудом барои ояндаи кӯдаконаш талош дорад. Падари дигаре бошад ба ҷуз лаззати худ, хушбахтии шахсии худ, фикри дигареро намекунад. Падаре аст, ки ҳамеша барои падари намунавӣ будан, талош дорад, падаре аст, ки ба ҷуз номи падарӣ кори дигаре аз ӯ сохта нест. Падаре аст, ки барои фарзандонаш ҳозир аст аз тамоми неъматҳои дунё даст кашад, падаре аст, ки ҳозир аст ба хотири ҳаёти шахсиаш аз фарзандонаш даст кашад. Падарҳо гуногуну мутафовит ҳастанд, ҳамон тавре, ки фарзандон низ шабоҳати якдигарро надоранд.
Ба гуногунии падарҳо, ахлоқи зоҳириву, эътиқоди ботинии онҳо нигоҳ накарда, ҳар як падар болои фарзандаш ҳаққи худро дорад.
Агарчӣ падар барои фарзандаш ба ҷуз сабаби ба дунё омадан, амали дигаре накарда бошад ҳам, дар шариат ӯ падар ҳисобида мешавад ва болои фарзандаш ҳақ дорад.
Аллоҳ дар китобаш мегӯяд:
و قضى ربك الا تعبدوا الا اياه و بالوالدين احسانا
Парвардигорат амр мекунад, ки ягона Ӯро ибодат кунед ва ба падару модари худ некӣ кунед. (сураи Исро ояти 23)
Дар ояти карима Парвардигор ба ду амри бузург амр мекунад, яке ибодати худаш, дигари накӯи ба волидон.
Новобаста аз он ки падар кӣ ҳаст, гунаҳгор аст ё накӯкор, хуб аст ё бад ба ин оят дохил мешавад.
Тариқаи некӣ кардан ба падар чӣ гуна аст?
Вақте падар ба мо чизе мефармояд, то қадри тавон фармудаи падарро иҷро мекунем. Агар кӯмаки молӣ хост ба падар маблағи хостаашро медиҳем. Инҷо падар то чӣ андоза ба он маблағ ниёз дорад муҳим нест, муҳим ин аст, ки ӯ аз фарзандаш кӯмаки молӣ хост, фарзанд бояд ба падар кӯмак кунад. Дар назди ҷумҳури уламои шариат, вақте падару модар аз фарзанд кӯмаки моддӣ талаб мекунад, фарзанд ҳатман бояд ба онҳо кӯмак кунад.
Пас аз куҳансоли падар ба ёрии молӣ ниёз дорад, на ҳама падарон доро ҳастанд, гоҳе падар аз кӯмак пурсидан шарм мекунад. Фарзанд бояд аз аҳволи падар, махсусан аз ҳолати иқтисодии падар огоҳ бошад, нагузорад, ки падараш муҳтоҷӣ кашад. Дар мавзӯи кӯмак ба падар фарзандони духтариву писарӣ яксон ҳастанд, кӯмаки падар танҳо вазифаи писар нест. Духтару писар ба шароити худ нигоҳ карда, бояд ба падари худ кӯмак кунанд. Вақте падар кӯмаки молӣ хост, новобаста ба он ки падар сарватманд аст ва ё фақир, фарзанд бояд ба падар кӯмак кунад. Баъзеҳо медонанд, ки падари доро доранд, падарашон ҳамеша дар ҷайб пул дорад, ба ин нигоҳ карда дар ҳаёташон, ҳатто боре ҳам ба падар пул намедиҳанд. То тавон мушкилиҳои худро ба падар зикр мекунанд, то мабодо падар аз онҳо пул талаб накунад. Аммо бехабар аз он ҳастанд, ки агарчӣ падар ба кӯмаки онҳо ниёз надошта бошад ҳам, ду тангаи додаи фарзанд сари падарро ба осмон мебарорад. Падар он маблағро, ҳамчун қадрдонӣ, меҳрубониву ғамхории фарзандаш қабул мекунад.
Падарбузургеро мешинохтам, ки шароити хуб дошт, ҳамеша шароити иқтисодиаш хуб буд, боре дар дасташ сесад сум маблағи рӯси буд, он пулро ба даст гирифта ба чашм мемолиду мегирист. Бо фахр ба ҳамсинну солонаш, ки дар атрофаш буданд, мегуфт: “Ин пулро фарзандам фиристондааст. Аввалин пули аз ҷои кораш гирифтаашро гирифта ин қисматашро ба ман фиристондааст”.
Пирамард, агарчӣ тамоми умр пулдор буд, аммо ба ин пули ночизи фарзандаш фиристода, ҳамчун хазинаи нуқраву тилло менигарист. Ашк мерехту пулҳоро ба чашмаш мемолид.
Пул додан ба волидон, агарчӣ миқдори кам бошад ҳам, он қадар волидон махсусан падарро шод месозад, ки шумо ҳатто тасаввурашро ҳам надоред.
Бисёриҳо либоси фарсудаи фарзандашонро дида наметавонанд, бо дидани кӯчактарин кӯҳнагӣ дар либоси фарзанд давида рафта ба фарзанди худ либоси нав мехаранд. Аммо вақте ба либоси падарашон нигоҳ мекунед, мебинед, ки либоси падарашон ҳамон либосҳои солҳои чилу яку чилу панҷ аст, ҳамон либосҳои қадимаи кайҳо фарсуда шудааст. Аз либосҳои хоб сар карда то либосҳои кӯчапушӣ ҳамааш кӯҳнаву фарсӯда. Баҳонаи хуб ҳам дорем, пир аст, умраш ба ҷойе расида, ба ӯ либос чӣ даркор, ӯ ки дигар ҷавон нест… Субҳаналлоҳ одамизод дуруст аст ки зоҳиран пир мешавад, аммо қалби инсон дар ҷояш меистад. Он падар агарчӣ миёнаш хам аст, дар даст асо дорад, дастҳояш меларзад, аммо шахсият дорад, иззати нафс дорад. Дар Тоҷикистони мо одатан мардҳои кӯҳансол барои худ либосхариро дур аз урфу одат медонанд. Барои худ рафта либос намехаранд. Аммо вақте фарзандашон ба онҳо либос мехарад, ба чашми худ молидаву болида мепӯшанд. Либоси нав ҳамон тавре, ки кӯдаки хурдакаро шод мекунад, шахсони бузург махсусан падари солманди моро низ шод мекунад.
Падар тамоми умр аз аҳволи либоси кӯдакони худ, махсусан пойафзоли гарму либосҳои кӯчапӯши фарзанд хабардор аст. Аммо вақте фарзандон бузург гаштанд, либоси падару пойафзоли падар дар ёдашон нест. Баъзан чашмамон ба падаре меафтад, падари афтодаҳол бо либосҳои фарсуда, дар наздаш писари олуфта бо сару либоси муди аввал. Чӣ қадаре, ки он падари афтодаҳол лоиқи мадҳу ситоиш бошад, ҳамон қадар он писари олуфта лоиқи мазаммату сарзаниш аст.
Хоҳаре қиссаи падарашро нақл мекард. Мегӯяд, падарам ҳеҷ гоҳ барои худ либоси нав намехарид. Гумон мекардем, ӯ табиатан либоси навро дӯст надорад. Боре бародарам барои худ либос харид ва ба падарам низ либоси нав гирифт. Бовар намекунӣ падари пирам баробари либоси навро дидан, шитобон он либосҳоро ба бар кард. Он қадар хушҳол буд. Хушҳолиаш ба хотири он либоми нав буд ва ё ба хотири он ки он либосҳоро писараш ба ӯ хариданд, то ҳол намедонам.
Барои ҳар як падари ҳақиқӣ гуруснагии фарзандаш мусибати дарднок аст. Падар шабҳо метавонад гурусна хоб кунад, аммо ҳаргиз намегузорад кӯдакаш гурусна бихобанд. Барои кӯдаконаш болазаттарин хӯрокҳоро мехарад. Фарзандонаш кадом хӯрокро дуст доранд, кадом хӯрокро намехуранд, хеле хуб медонад. Шиками сери фарзандонаш неъмати бебаҳои дунё аст.
Пас аз куҳансол шудани падар фарзандон мисли ӯ, оё аз гурусна ва ё сер будани падар хабар доранд ё на, ӯ кадом хӯрокро дӯст медорад, кадом хӯрокро дӯст намедорад, ҷисми заъифу фартуташ чӣ талаб дорад, оё касе аз ӯ мепурсад ё на. Одатан падарони кӯҳансол як ибораро такрор мекунанд. Ман ҳама намуди таомро мехӯрам, ба ман фарқ надорад. Ин ибораро шояд аз ночори ба забон оранд, зеро медонанд, ки агарчӣ ба хӯрокҳои дигар майл дошта бошанд ҳам, дигар он нафаре нестанд, ки касе барояшон муҳайё созад.
Дунёи мо дунёи бозтакрор аст. Ҳар касе, ки некӣ кард, дар худи дунё ивазашро мебинад. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:
بروا اباءكم تبركم ابناءكم
Ба падарони худ некӣ кунед, фарзандонатон ба шумо некӣ хоҳанд кард. (Табаронӣ)
То замоне, ки ғамхориву меҳрубонии падар ғами мост, фарзандонамон низ дар ғами мо хоҳанд буд. Илоҳо накӯи ба падарро насиби тамоми фарзандон гардонад.
Муслимаи Аҳмадӣ