Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон алайҳи Хӯҷа Каримов бо панҷ банди Кодекси ҷиноӣ аз ҷумла одамкушӣ, гаравгонгирӣ, азобу уқубат, бандитизм ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон, айб эълон кардааст.
Бо пахши барномае аз тариқи телевизионҳои давлатӣ, шоми 19-уми феврал мақомоти Вазорати дохилии дохилии Тоҷикистон эълон карданд, ки ҳар касе аз ҷиноятҳои содиркардаи Хӯҷа Каримов маълумот ва далеле дорад ё худаш амалҳои ҷинояткоронаи ӯ зарар дидааст, ба мақомот муроҷиат кунад.
Мақомот мегӯянд бо дарёфти шикоятҳо имкон дорад алайҳи фармондеҳи пешини Фронти халқӣ айбҳои дигар эълон карда шавад.