Рубрики Хабарҳо

ИА боз €29 млн барои энергетика ва таъмини об дар деҳот ба Тоҷикистон медиҳад

Иттиҳодияи Аврупо барои дастгирии соҳаи энергетика ва таъмини деҳот бо оби нӯшокӣ  29 млн евро ба Тоҷикистон кӯмак мекунад. Созишнома дар ин бора миёни Тоҷикистону ИА имрӯз, 18 ноябр дар Самарқанди Ӯзбекистон ба имзо расид.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ки созишномаро бо Мариета Йагер, муовини директори генералӣ оид ба шарикии байналмилалии Комиссияи Аврупо имзо кард, гуфт маблағҳо барои беҳбуд бахшидан зербиноҳои энергетикӣ ва барои расидан ба ҳадафи стратегии таъмини истиқлолияти энергетикӣ кӯмак мекунад. 

Ба гуфтаи вазир ҳукумати Тоҷикистон пайваста дар соҳаи энергетика ислоҳот мегкзаронад ва барои боз ҳам беҳтар намудани ин раванд кӯмакҳои техникии донорҳо бисёр зарур маҳсуб мешавад.

Тоҷикистон барои ин ду бахш, яъне энергетика ва таъмини деҳот бо оби нӯшокӣ садҳо миллион доллар кӯмау грантҳо дарёфт кардааст, аммо то ҳол мушкили таъмини барқ ба аҳолиро ҳал накарда ва мушкили обрасонӣ ба деҳоти кишвар дар сатҳи 30 сол қабл боқӣ мондааст. Ба гуфтаи коршиносон, қисми асосии ҳамаи кӯмаку грантҳо аз тарафи мақомдорон дуздида шуда, танҳо бахши бисёр кӯчаки он ба ҷои зарурӣ мерасад. 

Тибқи созишномаи тозаимзошуда Иттиҳодиям Аврупо барои дастгирии энергетикаи устувор 15 млн евро ва барои таъмини деҳот бо оби нӯшокӣ ва беҳдошт 14 млн евро маблағ медиҳад.

Гуфтанист, дирӯз, 17 ноябр, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон конфронси минтақавӣ оид ба муаррифии лоиҳаи нави Иттиҳодияи Аврупо  “Робитаи устувори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ” (SECCA) оғоз гардида буд ва имрӯз он ба анҷом мерасад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *