Рубрики Хабарҳо

Қарордоди ғалла миёни Укроин ва Русия 120 рӯз тамдид шуд

Қарордоди ғалла байни Укроин ва Русия андаке пеш аз он ки мӯҳлаташ поён ёбад тамдид шуд. Вазири умури зерсохти Киев гуфт, ки ин қарордод 120 рӯз эътибор хоҳад дошт. Созмони милал ва Туркия аз ин иқдом истиқбол карданд. 

Бар асоси он чи ки Александр Кубраков, вазири умури зерсохти Укроин дар шабакаи твиттер эълом кардааст, қарордоди ғалла миёни Русия ва Укроин то 120 рӯз тамдид хоҳад шуд. 

Як намояндаи давлати Туркия дар Истамбул бо таъйиди ин хабар гуфт, ин тавофуқ “дар вазъияти феълӣ” идома хоҳад ёфт. Пас аз зимистон мумкин аст “тавофуқҳои ҷадид” вуҷуд дошта бошад. 

Антониу Гутерриш, дабири куллии Созмони милали муттаҳид низ сиҳати ин хабарро, ки аз Киев ба даст меояд таъйид кардааст. Гутерриш гуфт, ки аз ин тавофуқ истиқбол мекунад. 

Гутерриш афзуд, ки Созмони милали муттаҳид сахт талош хоҳад кард то монеъаҳои содироти маводи ғизоӣ ва ғаллаҳои Русияро низ бартараф кунад. Давлати Маскав бар ин нукта таъкид карда буд. 

Мӯҳлати қарордоде, ки бо миёнҷигарии Созмони милали муттаҳид ва Туркия ба имзо расида бужд, шаби шанбе, 19 ноябр, ба поён мерасид. Ин қарордод дар 22 июл дар Истамбул имзо шуд то имкони содироти амни ғаллаи укроинӣ аз тариқи як коридори ҳифозатии Баҳри Сиёҳ ва содироти маводи ғизоӣ ва ғалаҳои русӣ ба рағми ҷанг фароҳам шавад. 

Укроин яке аз бузургтарин тавлидкунандагони ғалла дар ҷаҳон аст. Бо ин ҳол, ба далели ҷанги таҳоҷумии Русия алайҳи Укроин, содироти ғаллаи Киев ба шиддат садама дидааст. 

Дабири кулли Созмони милали муттаҳид аз қабл ҳушдор дода буд, ки дар сурати адами тамдиди қарордодҳо, қимати маводи ғизоӣ афзоиш хоҳад ёфт. Ў афзуд, ки ин тавофуқ барои расидагӣ ба буҳрони ҷаҳонии ғизоӣ, ки ба далели ҳамлаи Русия ба Укроин эҷод шуда, бисёр муҳим аст. 

Коршиносон низ бар аҳамияти ин тавофуқ барои тағзияи ҷаҳонӣ таъкид кардаанд. Морион Янсен, коршиноси умури кишоварзӣ дар як ҳамоиши маҷозӣ, ки тавассути Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеа (OECD) созмондеҳӣ шуд, гуфт: “ин тавофуқ боиси субот дар бозорҳои маҳсулоти кишоварзӣ шуда ва қимати гандум дубора коҳиш ёфтааст.” 

Хонум Янсен афзуд, ки қимати ҷаҳонии ғалла ҳатто дар замони оғози музокирот коҳиш ёфта буд ва “пас аз ниҳоӣ шудани ин қарордод қиматҳо боз ҳам раванди нузулӣ тай кард”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *