Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 103,6% таъмин гардид
Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ 14 млрд 600 миллиону 400 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, ин нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 490 миллиону 200 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон Кумитаи андоз қайд кардааст, ки бо мақсади тибқи тартиби муқарраршуда рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирии зиёдшавии он, дар ин давра аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони қарздор 12 ҳазору 508 адад қарорҳо оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 827 миллиону 300 ҳазор сомонӣ қабул гардид.
Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2021 қабулшуда дар маҷмӯъ ба буҷет 793 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 миллиону 500 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Кумитаи андоз зикр намудаст, ки барои ба буҷет ворид намудани маблағҳои боқимонда тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодаанд.