Ширкати ҳавопамоии «Сомон Эйр», мутааллиқ ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯсӣ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аввалин парвоз байни пойтахтҳои Тоҷикистону Покистонро анҷом дод. Қарор аст ин парвозҳо минбаъд ба таври муназзам иҷро шаванд.
Тибқи иттилоъи хабаргузории давлатии «Ховар» парвоз ба муносибати 30-солагии барқарории равобити дипломатии ду кишвар роҳанозӣ шуда, қарор аст дар таҳкими ин муносибот саҳм дошта бошад.
Парвозҳо байни Душанбеву Исломобод тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва 737-900 иҷро хоҳанд шуд ва тӯли парвоз ҳам 90 дақиқа гуфта мешавад.