Рубрики Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР 13.05

Дар фасли зимистон нархи газ дар Аврупо метавонад то 3500 доллар барои як ҳазор метри мукааб боло равад

Дар ин бора дар гузориши таҳлилие, ки ширкати норвегии Rystad Energy таҳия кардааст, гуфта мешавад.

Таҳлилгарон мегӯянд, як манбаи нави бесуботӣ бӯҳрони гази моеъ дар Аврупост, ки дар пайи эъмоли таҳримҳо алайҳи Русия бӯҳрони энержиро аз сар мегузаронад.

***

Reuters: Бонуфузтарин сиёсатмадор  ва нахуствазири собиқи Шри-Ланка Маҳинда Раҷапакса дар пайи эътирозҳо аз пойгоҳи низомӣ фирор кардааст. Маҳинда Раҷапакса ахиран дар пайи эътирозҳо дар Шри-Ланка истеъфо дода буд. Аммо дар ин ҳолат ҳам, садҳо нафар эътирозчиён ба як гурӯҳи афсарони полис, ки виллаи Раҷапаксаро посбонӣ мекарданд, ҳамла карда, он ҷоро хароб карданд. Пас аз вилла, издиҳом ба осорхонае рафт, ки  бахшида ба падари марҳуми сиёсатмадор таъсис ёфта буд. Дар он ҷо экспонатҳоро тахриб ва дохили биноро оташ заданд.

***

Зеленский захираҳои давлатии ғаллаи Укроинро ба Лаҳистон содир мекунад. Аввалин 10 хазор тонна бор аз сархад гузашт.

Дар ин бора вакили собиқи Рада Иля Кива хабар дод. Ба гуфтаи вай, раисҷумҳури Укрин ин тасмимро пас аз мулоқот бо ниҳодҳои давлатӣ ва нерӯҳои амниятӣ гирифтааст. 

«Укроин ҳамчун давлат аз қайд хориҷ карда шуд — ҳоло он ҷо ҳар чизеро, ки метавонед бо худ бибаред, дуздида истодаанд. Фақат заминҳои сӯхта ва инфрасохтори харобшуда монд.

Қаблан Байден низ гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида роҳҳои содироти ғалла аз Укроинро ҷустуҷӯ мекунад».

Иля Кива аз сиёсатмадорони ҷонибдори Русия аст. Мақомоти Укроин ӯро ба хиёнат айбдор мекунанд. Чанде қабл ӯ дархости шаҳрвандӣ аз Русия карда буд.  

***

Рига алайҳи шабакаҳои иҷтимоии Русия ҷанг эълон кард

Ваъда додаанд, ки шабакаҳои иҷтимоии “Вконтакте”, “Одноклассники” ва “Мой мир”-ро масдуд мекунанд. Ин тасмимро раиси Шӯрои Миллии васоити ахбори омма Иварс Аболинс қабул кардааст.

Ваъда доданд, ки ҳафтаи оянда шабакаҳои иҷтимоии номбаршуда баста мешаванд.

***

BBC News: Ширкати бузурги саноатии Олмон ва ҷаҳон Siemens эълон кард, ки Русияро комилан тарк мекунад. Рӯзи панҷшанбе ин концерн ба матбуоти Русия изҳорот фиристода, эълон кард, ки «Расман тартиби қатъи тамоми амалиёти саноатӣ оғоз шудааст”. 

Дар ин баёнот омадааст:»Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар маҳкум кардани ҷанг дар Укроин ҳамроҳ мешавем. Ширкати Siemens ба далели ҷанг дар Укроин бозори Русияро тарк мекунад».

 Чанде пас аз оғози ҷанг ширкат эълон кард, ки аз тарҳҳо ва сармоягузориҳои нав дар Русия даст кашидааст. Бо рафтани ширкат 3000 кормандаш дар Русия бекор хоҳанд монд.

***

Гурҷистон ва Суис тафоҳумномаеро дар бораи муҳоҷират имзо карданд. Ба гуфтаи вазорати адлияи Гурҷистон, ин аввалин тавофуқ миёни ду кишвар аст, ки масъалаи ҳаракати мардумро ҳамаҷониба танзим мекунад.

Тибқи он ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон тақвият ёфта, барномаҳои қонунии муҳоҷират ташвиқ ва барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

***

Садри аъзами Олмон Олаф Шолс гуфт, ки Укроин пайомадҳои ҷанги Русияро 100 сол метавонад эҳсос кунад, зеро бисёре аз шаҳрҳо пур аз бомбаҳои нотаркида ҳастанд.

Ӯ дар нишасти матбуотӣ дар Берлин ба хабарнигорон гуфт: «Бинобар ин мо бояд барои барқарорсозӣ якҷоя кор кунем» 

Шолс  инчунин қайд кард, ки бомбаҳои аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ боқимонда, то ҳол дар Олмон мавҷуданд.

***

Bloomberg навиштааст, ки теъдоди бритониёиҳое, ки дар фақр зиндагӣ мекунанд, соли оянда метавонад ба 1 миллион нафар бирасад. Ба иттилои шабакаи телевизионӣ, маблағи ибтидоии кӯмаки давлатӣ барои хонаводаҳо барои ҷилавгирӣ аз ин пайомадҳо 4,2 миллиард фунт стерлинг арзёбӣ мешавад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки иқтисоди Бритониё яке аз таконҳои ҷиддитаринро паси сар мекунад, ки болоравии нархҳо ва бозори танги кор боиси афзоиши рекордии таваррум шудааст.

***

Дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон садамаи бузурге бо автобуси мусофирбар рух дод. Дар ин ҳодиса ду нафар — ёрдамчии ронандаи автобус ва як мусофири автобус кушта ва 33 тани дигар захмӣ шудаанд. Маълум шуд, ки автобус дар Узбекистон сабти ном шуда ва дар он шаҳрвандони Узбекистон буданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *