Шайх Башир бен Ҳасан, даъватгари маъруфи тунисӣ дар сафҳаи расмиаш дар Фейсбук аз тамоми мусалмонони дунё хостааст, ки ба ҷуз анҷоми адои фаризаи Ҳаҷҷу Умра дигар ба Арабистони Саудӣ барои адои Ҳаҷҷу Умраи нафлӣ сафар накунанд.
Вай меафзояд «ба ғайр аз он (бори аввал Ҳаҷҷу Умра кардан), дигар ҳама кумаки молӣ ба Амрико аст, то тамоми мусалмононро хору зор кунад, бори Худоё, ман рисолатамро анҷом додам, эй Парвардгори ҷаҳониён Ту шоҳид бош!»
Ба таъкиди Шайх Башир, «ҳар касе бигӯяд, ки Ҳаҷ ва Умра дар ин кор ҳеч дахле надоранд, вай дурӯғгӯ ва ҳақиқатро намедонад. Аз тамоми сарфу харҷи ҳоҷиён ва умракунандагон (ки дар Арабистони Саудӣ анҷом медиҳанд) тоҷирон андоз месупоранд ва дар охир як қисми ин пардохтҳо ба сабади душмани ислом Тромп рехта мешаванд.
Ин даъватгари тунисӣ мавқеъи раҳбарони кишварҳои арабиро дар қиболи қарори Тромп барои интиқоли сафоратхонаи Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддас ва эътироф кардани ин шаҳр ҳамчун пойтахти Исроилро маҳкум карда, гуфтааст: «бидуни ин, ки ба шумо садамае ворид кунам, аз раҳбарони кишварҳои арабӣ кӯмаки масҷиди Ал-Ақсо ва ҳалли дигар чолишҳои пешорӯи уммати исломиро интизор нашавед, онҳо моро мисли пешин бе обрӯ мекунанд. Роҳи ҳал дар ҷамъ шудан атрофи донишмандони ростин аст.»
Вай дар бахши дигар ин мавқеъгириҳояш хитоб ба пайравонаш мегӯяд, «имрӯз Қудс ва Масҷидул Ақсо, фардо Макка ва Мадина (-ро хоҳанд фурӯхт), рӯзҳо дар байни мову шумоанд (вақт довар аст), ҳар касе ба қиблаи якум хиёнат кард, пагоҳ ба қиблаи дуюм ҳам хиёнат хоҳад кард.»
Ин пешниҳоди рӯҳонии шинохтаи тунисӣ дар расонаҳо ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вокунишҳои мухталифе рӯ ба рӯ шудааст.