Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди гирифторони сабтшудаи COVID-19 дар кишвар то имрӯз аз 6 ҳазор нафар убур кард
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи мубталоёни сабтшуда то 1 июл ба 6005 нафар расид.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, то имрӯз аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд. Шабонарӯзи охир 248 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 59 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Таъкид шудааст, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
Дар ҳамин ҳол тибқи маълумоти торнамои кивитиҷи нуқта инфо шумори фавтидагон аз коронавирус 437 нафар ҳисоб шудааст. Аз ин теъдод 62 нафар табибон мебошанд.
Ҳанӯз 11 июн Дафтари намояндагии дар Тоҷикистон гузориш дод, ки дар ҷумҳурӣ аз оғози эпидемия беш аз 1700 нафар табибон дар Тоҷикистон аз COVID-19 сироят ёфтаанд.