Пас аз кашмакашҳои якмоҳа Тоҷикистон ба парвозҳои ширкати ҳавопаймоии “Ямал” аз фурӯдгоҳи “Жуковский” иҷоза дод. Ин ширкат сар аз моҳи март ба парвозҳояш шурӯъ хоҳад кард.
Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Русия сар аз мавсими тобистона, ки охири моҳи март оғоз мешавад, “Ямал” ба Хуҷанду Душанбе парвоз анҷом хоҳад дод. Ҷонишини сарвазири Русия Игор Шувалов, ки дар раъси ҳайати музокиракунандаи ҳукумати Русия дар Тоҷикистон қарор дорад, гуфтааст нархи чиптаҳо дар ин самт нисбат ба самтҳои дигар арзонтар хоҳанд буд. Ҳайати ҳукуматии Русия барои ширкат дар нишасти тиҷорӣ-иқтисодии байни ду кишвар ба душанӣе омадааст.
“Тарафи Тоҷикистон ширкати дуввуми таъиншудаи русӣ — ”Ямал”-ро барои парвоз аз фурӯдгоҳи “Жуковский” ба Тоҷикистон дар мавсими тобистонаи IATA 2017 тасдиқ кард” — омадааст дар хабари вазорати нақлиёти Русия.
Игор Шувалов гуфтааст парвоз аз ин фурӯдгоҳ қадам ба қадам ба роҳ монда хоҳад шуд. “Мо хатсайрҳо тавассути фурӯдгоҳи “Жуковский”-ро дастгирӣ хоҳем кард, вале бо эҳтиёт ва назардошти манфиатҳои ду ширкати русие, ки аз ин самт парвоз анҷом хоҳанд дод ва ду ширкати тоҷикӣ, то онҳо ба зарар мувоҷеҳ нашаванд” — гуфтааст ӯ.
Ширкати “Ямал” мехост аз моҳи декабр парвозҳо ба Тоҷикистонро оғоз кунад, аммо мақомоти Тоҷикистон ба ин парвоз иҷоза надоданд. Дар посух ҷониби Русия парвози “Сомонэйр”-ро ба шаҳрҳои Краснодар, Красноярск, оренбург ва Уфа манъ карданд. Ҷониби Тоҷикистон ҳам эълон кард, парвози ширкати “Уралские авиалинии”-ро ба Тоҷикистон аз шаҳрҳои Краснодар, Красноярск, Уфа ва Челябинск манъ кардааст, вали ин ширкат бидуни ҳеҷ монеъае ба парвозҳояш идома дод.
Тибқи созишномаи дуҷониба парвозҳо аз “Жуковский” то тобистон аз ҷониби “Ямал” ва “Тоҷикэйр” иҷро шуда, баъдан шумори ширкатҳо ба 4 расонида хоҳад шуд.