Рубрики Хабарҳо

Аунг Су Чжи боздошт шуд

Аунг Сан Су Чжи роҳбари Миёнмар, ки дар қатли оми мусалмонони Рохинда муттаҳам мешавад, боздошт шуд.

Аунг Сан Су Чжи, ки аз соли 2011 амалан қудратро дар Мянмар дар даст дошт, бо дифоъ аз ҷинояти артиши ин кишвар зидди мусулмонон, эътибори худро аз даст дод ва имрӯз ба дасти ҳамон артиш боздошт шуд.

Ба гузориши шабакаи “Алолам”, хуни ҳазорон мусулмонони бегуноҳи роҳингияӣ, ки ба дасти артиши Миёнмар қатли ом шуданд, саранҷом гиребони Аунг Сан Су Чжиро гирифт ва ӯро, ки дар соли 1991 ҷоизаи сулҳи Нобелро дарёфт карда буд, аз қудрат ба зер кашид.

Су Чжи, ки замоне аз мудофеони саршиноси ҳуқуқи башар буд, дар қазияи наслкушии мусулмонони Роҳингия ба дасти буддоиёни ифротӣ ва бо ҳимояти артиши Мянмар, ҳамаи усулу арзишҳои ҳуқуқи башариро канор гузошт ва нодида гирифт.

Су Чжи, раиси Ҳизби иттиҳоди миллӣ барои демократия аст, ки дар соли 2010 дар нахустин интихоботи Мянмар пас аз 25 сол пирӯз шуд.

Ба ин далел, ки Су Чжи ҳамсари хориҷӣ дошт, қонуни асосии Мянмар ба вай иҷозаи раисҷумҳур шуданро надод, аммо бо ин ҳол Су Чжии 75 сола амалан идораи Мянмарро дар ихтиёр дошт.

Дар августи 2018 ҳамзамон бо куштори мусулмонони Роҳингия, Су Чжи генералҳои Мянмарро «меҳрубон» тавсиф кард ва имрӯз ҳамон генералҳои меҳрубон гиребони ӯро гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол Созмони Милали Муттаҳид ба таври оммавӣ ба таъқиби маъмурони Мянмар бо иттиҳоми наслкушӣ дар робита бо корзори саркӯби мусулмонони Роҳингия шудааст.

Хабаргузории Ройтерз менависад, муҳаққиқони Созмони милал эълом карданд, ки артиши Миянмар иқдом ба куштори ҷамъӣ ва таҷовузи гурӯҳӣ ба мусулмонони Руҳингиё ба «қасди наслкушӣ» карда ва фармондеҳи кулли артиш ва панҷ генерали артиши Миянмар бояд мутобиқи қавонини байналмилалӣ барои ин ҷурмҳои вазнин бояд муҳокима шаванд.

Коршиносони Созмони Милал дар гузориши худ ба шиддат аз ширкати «Фейсбук» ба иллати  раво донистани таҳрики хушунат ва нафратпароканӣ аз тариқи расона интиқод карданд.

дар вокуниш ба гузориши Созмони милал эълом кард, ки ҳисобҳои корбарии 20 тан аз мақомоту созмонҳои Мянмарро, ки бино бар эъломи як ҳайати Созмони милал муртакиби нақзи ҳуқуқи башар шудаанд, масдуд кардааст.

Коршиносони Созмони милал ҳамчунин Аунг Сан Су Чжи,  раҳбари ғайринизомии Мянмар ва барандаи ҷоизаи сулҳи нобелро ба иллати истифода накардан аз ҷойгоҳи ахлоқии худ барои муҳофизат аз ғайринизомиён айбдор донистанд.

Беш аз як миллион мусулмони Роҳингия бо фирор аз ҷангу қатли ом тавассути артиш ва буддоиёни ифротӣ дар иёлати Рохин дар соли 2017 , аз Мянмар ба Бангладеш паноҳанда шуданду акнун дар урдугоҳҳои марзии ин кишвар сокин ҳастанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *