Бритониё: захираҳои силоҳҳои эронии Русия бисёр кам шудааст
Дар ҳоле, ки Амир Абдоллҳиён мегӯяд, Эрон танҳо қабл аз ҷанги Укроин теъдоде паҳпод ба Русия дода буд, Бритониё аз коҳиши захоири силоҳҳои эронии Русия хабар дода ва мегӯяд, Русия эҳтимолан дар садади таъмини дигарбораи таслиҳоти худ аст.
Вазорати дифоъи Бритониё мегӯяд, Русия аз моҳи сентябр эҳтимолан аз паҳподҳои сохти Эрон дар ҷанг алайҳи Укроин ба кор гирифтааст.
Ба гузориши Рейтерз, Бритониё рӯзи чаҳоршанбе ҳамчунин эҳтимол дода, ки захоири силоҳҳои сохти Эрон дар Русия бисёр кам шуда ва ин кишвар дар таъмини дигарбораи захоири худ аст.
Вазорати дифоъи Бритониё мегӯяд, дар ҳамалоти Русия ба Укроин ҳам аз паҳподҳо ва ҳам аз силоҳҳои шиносоикунанда истифодашуда, ки қобилияти истифодаи дигарбора доранд.
Рӯзномаи Вашингтон пост ба тозагӣ аз ниҳоӣ шудани қарордоди Русия ва Эрон барои тавлиди дохилии паҳподҳои ҷангии эронӣ дар хоки Русия хабар додааст.
Ин рӯзномаи амрикоӣ бо истинод ба иттилооте, ки аз се мақоми огоҳ ба даст овард навишт, тавофуқ бар сари сохти паҳподҳои эронӣ дар дохили Русия дар авоили ноябр дар Эрон мавриди музокира қарор гирифт.
Укроин борҳо Эронро ба фурӯши паҳпод ба Русия барои истифода дар ҷанг алайҳи ин кишвар муттаҳам карда аммо Эрон чунин муомилаеро мункир шудааст.
Ҳусайн Амир Абдоллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон дар нишасти хабарии рӯзи чаҳоршанбе 23 ноябр бо расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ боз ҳам такрор кард, ки Укроин ҳеҷ мадраке аз ин бобат ба Эрон ироа накардааст.
Ӯ танҳо ба фурӯши “теъдоди маъдуди паҳпод қабл аз ҷанги Укроин” ба Русия иқрор кард: “дар чорчуби ҳамкориҳои дифоъӣ бо Русия қабл аз шурӯъи ҷанги Укроин тақрибан 11 моҳ қабл аз шурӯъи ҷанг, яке аз силоҳҳои дифоъӣ, ки ба Русия фурӯхтем теъдоди бисёр ками паҳподи эронӣ буд.”
Вазири хориҷаи Эрон афзуд: “ахиран тими сиёсӣ ва низомӣ аз ду кишвар дар кишвари савум бо ҳам гуфтугӯ карданд ва мо баррасиҳои худ [дар ин замина]-ро идома медиҳем.”
Ӯ ҳамчунин ёдовар шуд, Дмитрий Кулеба, ҳамтои укроиниаш қабл аз ин нишаст дар тамоси телефонӣ гуфт, Укроин як паҳподи солим ба дасташ афтода, ки русӣ аст аммо шабеҳи паҳподи Шоҳид-136 Эрон аст.
Амир Абдоллҳиён посух дод: “гуфтам ин ҳарф яъне Эрон ба мавзеъи худаш пойбанд аст. Албатта мо ду бор ба русҳо гуфтем, ки аз чӣ силоҳе истифода мекунед ва онҳо гуфтанд сарфан аз силоҳи сохти Русия дар ҷанг истифода мешавад.”
Укроин ҳамзамон дар рӯзи чаҳоршанбе аз ҳамалоти ҳавоии Русия бо 71 мушак ва паҳпод ба хоки ин кишвар хабар додааст.
Киев мегӯяд, 51 мушак ва панҷ фарванд паҳподро сарнагун кардааст. Ба гуфтаи Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, дар ин амалиёт ба системи энержӣ ва “мардуми одӣ” ҳамла шуда ва теъдоде кушта ва захмӣ шудаанд.
Зеленский дар паёми рӯзонаи видеоии худ гуфт, коршиносон мекӯшанд, осебҳои фаннӣ ба шабакаи энержиро бартараф кунанд: “мо ҳама чизро бозсозӣ мекунем ва аз ҳама мушкилот убур хоҳем кард, чун мо миллати далер ва устувор ҳастем.”
Ӯ ҳамчунин ба далели ин ҳамалот Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳидро ба баргузории нишасти фавқулода дар Ню-Йорк фаро хонд.
Амрико хостори таҳқиқи Созмони милал дар бораи фурӯши паҳподҳои эронӣ ба Русия шуда ва Зеленский пеш аз ин борҳо Эронро муттаҳам карда, ки ба Русия паҳпод дода то ғайринизомиён ва зерсохтҳои ин кишварро ҳадаф қарор диҳад.