Саидаминӣ: омодаам дар додгоҳи касатсионӣ бегуноҳиамро собит кунам
Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори зиндонии тоҷик, ки аввали моҳи ноябр ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, бо навиштани номае аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст ҳукмашро бозбинӣ ва бекор кунанд.
Ариза рӯзи 16-уми ноябр аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) навишта шудааст ва нусхаи онро имрӯз, 24 ноябр, Азия Плюс ба нашр расонд.
Рӯзноманигор таҳқиқи парванда ва мурофиашро дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт «якҷониба ва нопурра» номида, гуфтааст аз ҳукми ин додгоҳ, розӣ нест. Ӯ чанд далели норозигиашро ҳам зикр кардааст.
«Бо назардошти мавҷуд будани духӯрагиҳои зиёд дар рафти тафтиши пешакӣ ва судӣ; омодаи ҳамкорӣ будани ман бо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, алайҳи гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ, ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бозбинӣ ва бекор карда шавад», — навиштааст Саидаминӣ.
Ӯ ҳамчунин гуфтаст, “тафтишу муҳокимаи парвандааш яктарафа ё нопурра буд, додрас далелҳои пешниҳодкарда ва нишондоди бархе шоҳидонро ба назар нагирифту номи шоҳиди набударо дар ҳукм навишт”.
Ба гуфтаи ӯ, санаи боздошташ ҳам ба санае, ки дар ҳукми суд омадааст мутобиқат намекунад “ва даҳҳо далелҳои дигар, ки дар рафти мурофиаи кассатсионӣ метавонам онҳоро тасдиқ кунам”.
Рӯзноманигори зиндонӣ гуфтааст тамоми далелҳои айбдоркунанда тахмин ва нусхаи навиштаи муфатиш буд.
Завқибек Саидаминӣ рӯзи 3-юми ноябри соли равон бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид. Ӯ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати ислом ва «Гурӯҳи 24» гунаҳкор дониста шуд.
Дар мурофиаи ахири додгоҳ Завқибек Саидаминӣ ҳангоми суханронӣ гуфтааст худро гунаҳкор намешуморад ва бо ҳеҷ ҳизбу ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ надошт.
Ба гуфтаи назидиконаш Завқибек Саидаминӣ, аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ барои 7,5 соли зиндон норозигӣ кард ва эътироз намуд, ки ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи ӯ ба назар гирифта нашуданд.
Ӯ гуфтааст, ки дар робита ба пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, махсусан ширкати ҷавонон тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва ДИИШ барномаҳои телевизионӣ омода ва пахш мекард ва бештари онҳо самар доданд.
Рӯзноманигор афзудааст, ки ҳарчанд барои ин барномаҳояш ӯ аз сӯи афроди нишинос таҳдид мешунид, вале корашро давом медод ва кӯшиш мекард, ки барои пешгирии ин падидаи номатлуб саҳмгузор бошад.
Ин рӯзноманигори зиндонӣ моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат боздошт ва дертар барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуд. Худи ӯ ва наздиконаш ҳамеша иртибот ё ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ дар Тоҷикистонро рад кардаанд.