«Абу Довуд»-ро дар додгоҳи Душанбе муҳокима мекунанд
Мақомоти Туркия яке аз мубаллиғони маъруфи ДОИШ Парвиз Саидраҳмонов, мулаққаб аб «Абу Довуд»-ро ба Тоҷикистон супорида ва дар Душанбе мурофиаи додгоҳии ӯ оғоз шудааст. «Абу Довуд» дар чанд амалиёти террористӣ гумонбар дониста мешавад ва тарафи ҳади ақал се кишвар — Тоҷикистон, Русия ва Суис (Шветсия) дар пайгард қарор дошт.
Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ бо истинод ба ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон Парвиз моҳе пеш аз Туркия ба Душанбе оварда шуда, муҳокимааш дар додгоҳи пойтахт ҷараён дорад. Ӯ «ба терроризму одамкушӣ, гаравгонгирӣ, ҷалб ва иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ, ташкилу раҳбари созмони террористӣ гумонбар аст.» Ба “Абу Довуд” 25 сол зиндон то ҳабси абадро дар назар дорад.
Ҳамроҳ бо Парвиз Саидраҳмонов ҳамсараш Мадина Бандаренко, шаҳрванди Русия ва чаҳор фарзандаш ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Оксана Ҷейлиева, модари Мадина Бандаренко, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, аз мақомоти Русия хоста духтарашро ба он кишвар бибаранд.
«Духтари ман шаҳрванди Русия аст ва бо фиреб ӯро ба Сурия бурда буданд. Ҳоло хоҳиш дорам, ки ӯро бо фарзандонаш ба ватан баргардонанд,» — гуфтааст ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон «Абу Довуд»-ро аз таблиғгарони хатарноки ДОИШ медонистанд, ки ба иттилои онҳо «даҳҳо ҷавонро ба ҷанг дар Сурия ва Ироқ бурдааст».
Наздиконаш мегӯянд, ӯ соли 2014 аз Русия ба сафи ДОИШ дар Ироқ пайваст ва пас аз шикасти хилофати худхонда ба Туркия гурехту дар онҷо боздошт шуд.
Телевизиони TRT-и Туркия моҳи ноябри соли 2019 дар барномае ӯро дар зиндони шаҳраки Африни Сурия нишон дод ва ӯ аз худ «Фирдавс» ном мебурд. Дертар ӯро дар паноҳгоҳе дар Ҷараблуси Сурия диданд.
Тоҷикистон аз соли 2019 чаҳор бор барои истирдоди ӯ ба Туркия дархост фиристода, вале Анкара посух намедод. Истирдоди ӯ пас аз сафари вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба Туркия дар моҳи июли имсол имконпазир шудааст, аммо маълум нест ба чӣ шарте ва ё дар ивази чӣ.
Ба иттилои расмӣ, дар солҳои 2013-2015 аз Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ба мисли ДОИШ пайвастаанд. Бахше аз онҳо куштаву беному нишон ва қисми дигар дастгир шудаанд. Як гуруҳи хурд ба Тоҷикистон баргашта ё афв гардидан ва ё зиндонӣ.