Метеорити азим дар осмони Норвегия парвоз карда, дар наздикии шаҳри Осло суқут кард. Шоҳидон ҷирми бузурги дурахшонро дар тӯли панҷ сония тамошо карданд ва бисёриҳо дар пойтахт тавонистанд, ки онро аксбардорӣ кунанд.
Фурӯ афтодани ҷисми осмонӣ мавҷи зарбаи шадидро ба вуҷуд овард. Аммо, касе осеб надид.
Шабакаи телевизионии Россия 24 хабар дод, ки олимон аллакай ба ҷустуҷӯи боқимондаҳои метеорит шурӯъ карданд. Пайдоиш ва таркиби он ҳанӯз муайян карда нашудааст.